Табрикоти Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 262 боздид

Ҳамдиёрони азиз, пиру барно ва мардуми сарбаланди ноҳия!
Боиси ифтихор аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ки аз 14 майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ёдовар шавем аз таърихи давлатдории муосири Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз истиқлоли давлату осудагии айём аз корнамоиҳои марди фарзонаи диёр, фарзанди арзандаи тоҷикони ҷаҳон, фарди баору номус, ки бо қадамҳои қавӣ, бо нияту орзуҳои нек, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, аз парварандаи ғояҳои сулҳу ваҳдати Пешвои муаззами миллати тоҷикон, ки бо азму иродаи қавӣ фаъолияти худро нахуст бо шиори беҳтарин оғоз намудаанд: “Ман ба Шумо сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомӯш месозам! То он даме, ки як нафар гурезаи маҷбурӣ дур аз Ватан бошад, худро ором намеҳисобам”.
Ҳамин қаҳрамониву шуҷоатмардонагӣ ва хидматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз амалӣ гардида, сулҳу ваҳдати мо пойдору қавитар мегардад.
Таърихи баъдина нишон дод, ки дар партави корнамоиҳои беназири Пешвои миллат, Тоҷикистон ба кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёфта, бо ташаббусҳои байналмиллалӣ дар арсаи ҷаҳон мақоми шоиста касб намуд.
Дар натиҷаи заҳмату талошҳои ин марди хирад, инсони накӯкор, Роҳбари ғамхору дилсӯз дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ – таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.
Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хираду халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатмон ноил шудем.
Маҳз, тавассути талошҳои Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохташаванда тағйир дод.
Бо дарназардошти ҳамаи инҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 11 декабри соли 1999 барои хизматҳои бузургашон дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ, хизматҳои барҷастаашон дар рушду инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонид.
Баъди интихоби роҳбари нави давлат тавассути заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони Миллали Муттаҳид, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ гашт. Аз ин лиҳоз, заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, оламиён тавассути баромаду пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид, дар ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо ошноӣ пайдо карданд.
Ҳурмату эҳтироми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ нишонаи олии эҳтироми Сарвари давлатамон ва ҳусни таваҷҷуҳи мардуми олам нисбат ба халқи тоҷик мебошад.
Ҳамчунин, қайд кардан зарур аст, ки Президенти Тоҷикистон пайваста дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир менамоянд.
Метавон ёдовар шуд, ки хизматҳои ин марди наҷибро нисбат ба давлату миллат ҳаргиз фаромӯш ношуданист. Зеро заҳмату саъю кушишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон ба як умр боқӣ хоҳад монд.
Имрӯз метавон қайд намуд, ки баҳои баландтарин ба фарзанди фарзонаи миллатамон сазовор шудан ба боварии халқ, маъво гирифтан ба дили вай аст, ки хушбахтона ин ба Пешвои маҳбубамон ба пуррагӣ насиб гаштааст.
Шукр бояд кард, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо марди сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огоҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад.
Бо ифтихори бузург метавон гуфт, ки Ӯ ҳамон роҳбаре аст, ки боиси ифтихору сарфарозии миллати тоҷик гардида, роҳбаре аст, ки дар арсаи номусу нанг, роҳкушои садҳову ҳазорҳо насли баъдии миллат хоҳад буд. Ӯро созанда номид, зеро Роғунро сохт, Ӯро таърихнигоре донист, зеро дубора дар арсаи таърих номи неки тоҷиконро зинда карда ва дар қатори фарҳангиёни дигари олам ҷо намуд. Хуллас, Ӯро Пешво номид, Пешвое, ки халқ интихобаш кардаасту агар садҳо маротибаи дигар раъйи мардум бипурсанд, боз ҳам интихобаш ӯст.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордилро месазад тибқи дастурҳои Президенти кишварамон амал намуда, ба қадри обу хоки сарзамини биҳиштосо расида, барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Ба Шумо мардуми ноҳия Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, дар хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва диёри биҳиштосои Тоҷикистон тинҷу сулҳу амонӣ пойдор бошад.
Талх то ширин шавад, ӯ нешҳоро нӯш кард,
Бори вазнини замони нангро бар дӯш кард.
Бо муҳаббат кинадори хешро оғӯш кард,
Оташи ҷанги ватансӯзандаро хомӯш кард.
Зиҳӣ, садсолаҳо — Пешвои миллат!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.