Варзишгарон, собиқадорон ва мураббиёни варзиш!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамчун анъана, дар саросари кишвар 10 август Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад ва дар соли ҷашнвораи бузургӣ таърихӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то таҷлили он рӯзҳои башумор мондааст, ин санаи фархундаро ба кулли кормандон ва собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиёну варзишгарон ва дӯстдорони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муборакбод намуда, саломативу хонаободӣ, фирӯзиву сарбаландӣ ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно менамоям.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, “Мо мояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.”
Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пазируфта шуда, имрӯзҳо тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардида истодааст.
Тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.
Ҳозирини гиромӣ!
Варзиш дар ҳаёти аҳли ҷомеа, бахусус, ҷавонон ҳамчун омили тавонои ҷимсу руҳи солим, муҳимтар аз ҳама таблиғи тарзи ҳаёти солим хизмат мекунад.
Дар ноҳия муассисаи давлатии мактаби варзишии рақамҳои 1, 2 ва муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии футбол фаъолият намуда, ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба варзиш, тайёр намудани варзишгарони болаёқат, 71 нафар мураббиён фаъолият карда истодаанд. Дар ин муассисаҳо аз рӯйи 17 намуди варзиш (аз ҷумла,кикбоксинг вако, ҷиу-ҷитсу, шоҳмот, бокс, батминтон, тӯби дастӣ, волейболи соҳилӣ, гӯштини дзюдо, волейбол, варзиши сабук, тениси рӯи миз, футбол, искандарӣ, гӯштини тарзи озод, гӯштини камарбандӣ, чавгонбозӣ, таэквандо ВТФ, муай-тай дар маҷмӯъ (12 намуд олимпӣ, 4 намуд ғайриолимпӣ ва 2 намуди варзиши миллӣ) ҷиҳати дар сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ тайёр намудани варзишгарон ва оммавигардонии варзиш тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Варзишгарони ноҳия анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳо гардида истодаанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2021 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 90 медали тилло, 92 медали нуқра ва 85 медали биринҷӣ гардиданд.
Бо ба забон овардани номи варзишгарони ноҳия ба монанди Азизи Атҳам, Матхалилова Маҳина, Ибрагимов Фирдавс, Шералиева Зарифа, Бегматова Зулола, Мирзоёров Дониёр ва чанде дигароназ намудҳои варзиш боиси ифтихори мардуми ноҳия мебошанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо нуфӯзи футболи тоҷик дар миқёси давлатҳои хориҷи кишвар боло рафта истодааст, ки дар он саҳми футболбозони тоҷик калон аст.
Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзиши футбол”-и ноҳия аз соли 2018 фаъолияташро оғоз намудааст, ки дар он 14 нафар мураббиён баҳри тамрини гурӯҳҳо сафарбар шудаанд.
Дар ноҳия дастаҳои футболи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот амал карда, мунтазам дар бозиҳои минтақавии байни дастаҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳия ва лигаи ноҳиявӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Боиси ифтихор аст, ки се нафар дастпарварони муассиса Нишонбойзода Бежан, Норбойзода Нурсултон ва Ҷуразода Асадбек узви дастаи мунтахаби то 16-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, кидар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналхалқӣ иштирок намуда, шарафи Тоҷикистонробаланд бардошта истодаанд.
Дар дар 8 моҳи соли 2021 дастпарварони муассиса тавонистанд дар чемпионати вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 31 медали тилло, 41 медали нуқра гардиданд. Дастаи наврасони U-14 ва U-18 ба даври финалии чемпионати Тоҷикистон роҳхат гирифтанд.
Ман боварӣ дорам, дастаҳои футболи ноҳия маҳорату малакаи касбии худро боз ҳам равнақ дода, дар мусобиқаҳои минбаъда ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор хоҳанд гашт
Боварӣ дорам, ки варзишгарони ноҳия минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои варзишӣ равона намуда, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Дар ҷодаи пешрафти фаъолияту зиндагӣ ба ҳар якварзишгари ноҳия саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!