Табрикоти Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 295 боздид

Ҳамдиёрони азиз!
Қобили зикр аст, ки ҳар сол санаи 24-уми ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик мегӯям.
Миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик аз қадим давлатдор буда, ба рамзҳои давлатдории худ аз ҷумла парчам, эҳтироми хоссаро зоҳир менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин муқаддасоти миллӣ дар яке аз суханрониҳояшон чунин зикр намудаанд: “Парчами давлатӣ ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёди мост”.
Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо ҳаст, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Боиси тазаккур аст, ки тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.
Бо вуҷуди ин Роҳбари тозаинтихоби давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар роҳи қабули муқаддасоти миллӣ ва ба ин васила, муттаҳид сохтани тарафҳо қадамҳои устувор гузоштанд. Ҳамин буд, ки дар Иҷлосияи таърихи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар баробари ҳалли дигар масоили барои аз вартаи ҳалокат наҷот додани давлату миллати тоҷикон ниҳоят зарур, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ шуд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ин муқаддасоти миллӣ тавонист мардуми пароканда ва қисмҳои тақсимшудаи кишварро дар зери худ муттаҳид намуда, орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷикро амалӣ гардонад.
Шоистаи таъкид аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз ҳуввияту худшиносии миллӣ нақши мубориз дорад.
Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд:
“Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад”.
Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Парчам ҳанӯз аз замонҳои қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу манзалат, ифтихор ва нангу номус будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузург ҷоннисориҳо кардаанд. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ назар афканем, дар тамоми давру замон дар кишварҳои ҷаҳон рамзу аломатҳои махсус вуҷуд дҳоштанд, ки бо ёрии онҳо одамон ба якдигар муносибати дӯстӣ пайдо намуда, нишон медоданд, ки ба кадом қавм ва ё қабила мансубанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоти миллӣ дар Қонуни асосии кишвар ифодаи худро ёфт.
Парчами миллии мо, Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар канори қасри миллат, дар баландии эътимоду эътиқод, дар замини меҳр ва зербуни муҳаббати мо сар ба осмонҳо афрохтааст.Ин Парчам ба мо на фақат шукуҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандориро дар мо бедор, муҳаббати Ватанро дар вуҷудамон фурӯзон месозад. Дар Парчами давлатӣ шараф ва нангу номус, ҷавонмардиҳои миллати покизасиришти мо ҷилвагар аст. Парчами давлатии мо бо ҳузури зебо, бо зуҳури муборак ва вуҷуди бегазанди худ моро огоҳӣ медиҳад, ки барои дифои Ватанамон ҳамеша, ҳар нафас, бо ҳама вуҷуд омода бошем.
Итмонон дорам, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарафманди ноҳия ба Парчами давлатӣ боз ҳам зиёдтар гардида, дар замири ҳар як фарди бедордили диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллиро дучанд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ раҳнамун месозад.
Пас, гуфта метавонем, парфшон бош, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.