Зан – Модар, фариштаи рӯи замин!
Зан – Модар беҳтарин ҳадяи Худованд, фариштаи рӯи замин, зеботарин муъҷизаи дунё, қиматтарин дурдонаи бебаҳо, шабчароғи хонадони ҳар яки мову Шумо!
Зан-Модар баҳор аст, ӯ дарахтест мевааш ширин, заминест нарму гарм, осмонест поку нилобӣ, офтобест нураш босафо, моҳест шабрӯшан, ситораест пурҷило, баҳрест ором, дарёест пурмавҷ, домони биҳиштиаш марзаи гулҳои рангоранг. Фариштаест, сари суфра бо домони намозӣ бо гунаҳои гулгун, ситораест дар сари танур бо кулчаҳои ширмоли момоӣ. Маҳз, ба хотири хислатҳои ҳамидааш ӯро Модар номиданд, зеро гармидиҳандаву тасаллидиҳанда, наҷотбахшу дармондиҳанда.
Таърих худ гувоҳ аст, ки дар давраҳои гуногун занону модарони мо дар қатори мардон ба муқобили аҷнабиён муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзамини аҷдодӣ саҳми арзишманд гузоштаанд. Ба ҳамин хотир мафҳумҳои Модар ва Ватан азизу муқаддасанд.
Бо мақсади эҳтиром гузоштан ба Модар сарчашмаи бузурги зиндагӣ дар гузаштаҳои дур, дар сарзамини тоҷикон дар моҳи сеюми зимистон, ки Исфандормаз ном дошт, яъне мутобиқ ба моҳҳои феврал- март ҳамчун иди иффату зебоӣ ва бузургдошти зан-модар васеъ ҷашн гирифта мешуд.
Ин иди бошукуҳи бо шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон аз нав эҳё гардида, ба феҳристи ҷашнҳои расмии давлати соҳибистиқлоламон ворид карда шудааст, ки ҳамасола рӯзи 8 март Рӯзи Модар дар кишварамон таҷлил карда мешавад.
Модар дар бунёди ҳастии мо, ҳамон сорбонест, ки қофиларо (гурӯҳи одамон, корвон) нигаҳбон аст. Вуҷуди Модар, ангезаи меҳраш коинотро мусаххар (тасхир, мағлуб), заминро сабз гардонида, биҳиштро зери пояш густурдаанд, панде ниҳоданд, қадамҳои Модарро макони муқаддас донистанд. Чу бани башар (инсон) аз насли Модар аст, ҳамеша ба меҳру муҳаббати модар ниёз дорад. Ҳамеша бо модар будан, дар суҳбати гармаш нишастан ба ҳама ҳаловат, рӯҳу мадор мебахшад.
Нахустин панди ӯ, муҳаббати ӯ бо номи нек зистан аст. Маҳз, муҳаббату самимияти ӯст, ки зиндагӣ карданро бароямон туҳфаи тақдир додааст. Пеши пояш бояд таъзим намуду эҳтиром гузошт, ки моро ҳадяи беназир- ҳаёт додааст. Тарбияи аҳли хонадон, ободии рӯзгор аз азал ба дасти зан аст. Зан аст, ки ба ҷаҳон нобиғаҳоро тавлид мекунад. Модарони тоҷик аз қавме ҳастанд, ки дар хуни фарзандонашон шарму виқор (тамкин,бурдборӣ), ҳаёву номус, ҳиммату хоксорӣ, сахову вафо ҷорист. Модар ба авлод ва қавми тоҷик фарзандоне ато намуд, ки ҷаҳон офаринаш хонданд.
Модари Ибни Сино Ситорабону фарзанде ба олам овард, ки илми тибро поя гузошт, модар Розия Озод Бобоҷон Ғафуровро ба олам овард, ки қавми тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуд. Модар Бибизуҳрост, ки Лоиқро ба дунё оварда, Модар Бибимарям аст, ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалии Раҳмонро ба дунё оварда, қавми парешонрафтаро сарҷамъ намуд.
Сано, ба чунин Модарон!
Зан-Модар чароғи нарму рӯшан чун гуле зебо, чун кӯдаке аз гуноҳ пок, чун ёқути ҳамранги дарё, чун нилуфари эҳсоси нилобӣ, чун лолаи зебои навшукуфта, чун ситораи сари танури сӯзон, чун дилбари ҳамеша дар интизор буда, ки ҳамеша бояд дӯст дошту муҳаббатро арзонӣ.
Соли равон дар таърихи Ватани азизамон-Тоҷикистон соли муҳим, ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Аз сари мардуми тоҷик бисёр рӯзҳои сахтиву маҳрумиятҳо гузаштанд, лек аз оғози соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии сарвари хирадманду сиёсатмадори фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оянда бовар доштем, талош варзидем ва ба ин рӯзҳои равшану саодатбор расидем
Модарони арҷманд!
Бонувони гиромӣ!
Чи хеле ки Сарвари кишвар дар баромадҳояшон дар ситоиши Зан-Модар баён менамоянд: «Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогӯи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастед.»
Имрӯз соатҳо дар ҳаққи Шумоён сухан гӯям кам аст, зеро Шумо лоиқи арзандаи ҳамаи суханҳои нек ҳастед.
Умедворам, ки дар ин соли накӯ, 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору пайкори Шумо боз ҳам фаъолтар гардида, ҳар яки Шумо тамоми нерӯ, заковати хешро баҳри солимии ҷомеа ва оила сафарбар мекунед.
Бигзор, Рӯзи Модар, оғози фасли зебои сол баҳори нозанин ба ҳар модарону бонувони азиз, хоҳарони меҳрубон хушрӯзиву саодатмандӣ насиб гардонад!
Симои баҳор дар симои Зан-Модар таҷассум ёфтааст. Зан- Модар бо либоси ба худ зебанда, бо ахлоқи нигаҳдоранда, бо ободкории тамизкунанда, бо афкори хирадмандона, бо шарму ҳаёи тамкинона, бо тадбиргарии қисмату тақдир, бозкушояндаи тамоми муаммоҳо, билохира ба даст оварандаи қалби мардҳои ғаюру бо нангу ор. Ҳар мард пеши пои Зан-Модар ҳангоми шодиву ғам такягоҳанд. Зан- сипари боэътимодест назди оилаву фарзанд.
Модарон ва бонувони арҷманд!
Сари таъзим пеши Шумо, хубрӯёни олам фуруд оварда, мегӯям, зиҳӣ Модар садсолаҳои дигар!