Табрикоти Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф ба муносибати Иди Саиди Фитр

 409 боздид

 

Ҳамдиёрони азиз!
Дар ин лаҳзаи идона кулли мардуми ноҳияро ба муносибати Иди Саиди Фитр, ки баёнгари арзишҳои инсонӣ — сабру таҳаммул, накӯкорӣ, раҳму шавқат ва меҳру муҳаббат мебошад, самимона табрик гуфта, барои ҳар як хонадон осоишу тандурустӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи табрикоти шодбошиашон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон барҳақ қайд намуданд, ки “Моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини Ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтимоли якдигар, раҳму шафқат ва кӯмак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад. Маҳз бо ҳамин сабаб, ин моҳи муборак, ки асоси ҳикмати маънавии онро ғолибияти ақл бар нафс ташкил медиҳад, савобу подоши бузург дорад.”
Воқеан ҳам, дар ин моҳи муборак бо нияти хайр анҷом додани амалҳои нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, авфи гуноҳҳо, аз дилҳо баровардани кинаю адоват, аёдати беморон, эҳтироми падару модар ва хешу таборон, аз Худованд талаби оромиву осоиши сарзамин ва рушду шукуфоии онро кардан аз одат ва фазилатҳои аслии милливу динии мардуми бунёдкор ва созандаи мо ба ҳисоб рафта, бешубҳа дар таҳкими сулҳу салоҳ ва ваҳдату якпорчагии ҷомеа мусоидат менамояд.
Имрӯз ҳуқуқ ва арзишҳои олии эътиқодии шаҳрвандони мусулмони кишвар таҳти ҳимояи ҳамешагии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани зиндагии босаодати ҳар як хонадони Тоҷикистон аз муҳимтарин ҳадафҳои давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки муҳимтарин арзишҳои дини мубини исломро дар робита ба дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ятимону камбизоатон ва маъюбону муҳтоҷон тавсеа бахшида, барои амалӣ гардидани яке аз рукнҳои моҳи мубораки Рамазон — додани садақаи фитр тадбирҳои муҳим андешем.
Дар ин асно, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, деҳаҳо маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳо, соҳибкорон, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар шахсони хайрхоҳу дорои имконият вазифадоранд, ки барои эҳтиёҷоти шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоату барҷомонда, садақаи фитрро харҷ намоянд.
Мо аз он ифтихор дорем, ки имрӯз маърифати ахлоқию маънавии шаҳрвандон боло рафта, таваҷҷуҳи соҳибкорону ашхоси боҳиммат нисбати дастгирии ятимону маъюбон ва ниёзмандон, бунёди мактабу боғча, майдончаҳои варзишӣ, бунёди роҳу кӯчаҳои маҳаллаву деҳаҳо, гузаронидани қубурҳои обгузар ва дигар корҳои ободонӣ ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст.
Имрӯз бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои созандагию ободкорӣ идома дошта, мардуми ноҳия барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи таърихӣ софдилона меҳнат намуда истодаанд.
Зеро, чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, “Барои ободии Ватан анҷом додани амалҳои хайр низ як навъ ибодат буда, аҷру савоби он аз дигар рукнҳои Ислом кам нест.”
Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус баҳри суботи ҷовидонаи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободӣ, оромиву осудагии Ватани азизамон, дастгирии шахсони ниёзманд, ятимону бепарасторон ва барҷомондагон хайру эҳсонро дареғ надошта, барои осудагии ҳар хонаводаи халқи Тоҷикистон кӯшиш менамояд. Зеро, Ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, ҳидоятгари ахлоқи ҳамида ва маънавиёти созанда буда, ҳама гуна кирдори зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва зидди зуҳуротҳои манфии таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм мебошад.
Дар фарҷом, бори дигар тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати Иди Саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки Шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, имони комил ва дар рушди устувори Ватани азизамон муваффақиятҳо орзу менамоям.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.