Табрикоти Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 290 боздид

Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлолият, фазои орому осуда ва кишвари сарсабзу обод ҷашни бузургтарину муқаддастарини 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуда истодаанд.
Бо истифода аз фурсат кулли мардуми ноҳияро ба муносибати ин рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон табрик гуфта, саодати зиндагӣ, рӯзгори ободу осуда ва барору комёбӣ таманно менамоям.
Кишвари азизамон, баъди расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ ба як қатор муваффақиятҳои беназори сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид. Дастовардҳои кишвари мо дар ҷойи хушку холӣ ба вуҷуд наомада, балки он заминаҳои зиёди таърихиро дар худ доро мебошад.
Халқи тоҷик аз замонҳои қадим фарҳангу давлатдории ба худ хосро соҳиб буд. Инчунин, мардуми тоҷик шахсиятҳои зиёдеро соҳиб аст, ки барои рушду инкишофи ин миллату сарзамин хизматҳои зиёде кардаад. Яке аз аз чунин шахсиятҳои бонуфуз фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки барои рушди давлати соҳибистиқлоли мо хизматҳои назаррас кардаанд.
Ба шарофати Истиқлоли кишвари азизамон Тоҷикистон, пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин азму талоши ватандӯстонаи мардуми тоҷик зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ва сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин абармарди олами сиёсат ба кулли ҷабҳаҳои ҷомеа-иқтисодиёт, сиёсат ва илму фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
Аз солҳои нахустине, ки мардуми тоҷик таҳти роҳбарии сарвари раиятпарвараш Истиқлоли давлатиро ба даст овард, дар тамоми самтҳои ҳаёт тағйироти куллӣ ба миён омад.
Яке аз хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Ваҳдат-беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, рушди тоҷикон, нумуи даврон, наҷоти миллат, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Агар истиқлолият барои мо мустақилият ва озодиро фароҳам оварда бошад, Ваҳдати миллӣ барои рушди давлат, нигоҳдории истиқлолият ва якпорчагии Ватани азизамон мусоидат менамояд.Барои ҳимояи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас ва шоёни таҳсин мебошад. Ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ низ имрӯзҳо мактаби сулҳпарваронаи ин абармардро меомӯзад ва кӯшиш менамоянд, ки ҳамчун намуна истифода баранд.
Ҳамаи файзу баракот ва фатҳи қуллаҳои мурод дар кишвари азизу маҳбубамон ба шарофати раҳнамоии бузургворонаву хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки кишвари моро ба вусъатободи озодиву озодагӣ оварданд.
Воқеан, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва хатарҳои рӯзафзуни зидди инсонӣ ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад.
Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ, бо тақозои вақту гузашти таърих Пешвои муаззами миллат тамоми нерӯи зеҳнию маънавӣ ва фитрию миллии кишварро ба самти бунёдкориҳо равона намуда, ҳам дар сиёсати иқтисодию фарҳангӣ ва ҳам дар сиёсатҳои байналмилалӣ номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз феҳристи кишварҳои ҷангзадаву ноором ба сархати давлатҳои амну рӯбатараққӣ бурданд.
Дар ҳамин асос, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ гуштариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озӯқаворӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои олии стратегии сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар муайян карда шуданд.
Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо дар оянда низ баҳри ҳимоя ва пойдору устувор мондани он тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз менамоем.
Зеро, ҳанӯз нобасомониҳои солҳои навадум, оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркуширо хуб дар ёд дорем ва ба хотири ба қадри имрӯзи осоишта, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолияти давлатӣ расидан он таҷрибаи талхи ба даст омадаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозем. Маҳз дар ҷанги шаҳрвандӣ баъзе аз шаҳрвандони мо, ки ватанашонро бо пулу мол иваз карда буданд, ба хоҷагони худ бевиҷдонона фурӯхтанд ва барои сар задани оташи ҷанг дар хонадони мо мусоидат намуданд ва ин хиёнаткоронро ҳеҷ гоҳ насли ҳозира ва минбаъдаи мо намебахшад.
Барои аз байн набурдани давлати соҳибистиқлоли навини тоҷикон аз ҷониби ватандӯстон, аз ҷумла собиқ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ба давлат баргардонидани гурезагон аз дигар давлатҳои ҳамсоя кӯшишу талошҳои зиёд карда, бо мухолифон ба сари мизи гуфту шунид нишаста, ҳаллу фасли ояндаи давлат ва аз байн нарафтани давлати соҳибистиқлоли навини тоҷикон ҳадафи ягонаи давлату ҳукумат гардида буд.
Дар тӯли 30-соли соҳибистиқлолӣ –ин дастоварди арзишмандтарини халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки дар оғози фаъолияти Роҳбарӣ бо саъю талоши ҳомии сулҳу оромӣ — фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Дар даврае, ки ҷомеаи моро хатарҳои зиёд таҳдид менамояд, бояд ҳар як падару модар дар тарбияи фарзандон масъул бошанд, ки онҳо бояд ба ҷомеа фарзандони рӯҳан ва ҷисман солимро ҳадя кунанд.
Бо орзуи ниятҳои нек бори дигар ба Шумо ҷашни таърихии Ватани азизамон 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати ҷовидонӣ ва пешрафту ободиро таманно менамоям.
30-солагии Истиқлоли давлатӣ муборак!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.