Табрикоти Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф ба муносибати Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2021

 36 боздид

Омӯзгорону толибилмони азиз!
Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар остонаи иди бузурги таърихӣ– 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мерасад. Бешубҳа, ин рӯйдоди муҳим дар ҳаёти ҳар як тоҷикистонӣ нақши хотирмон ва тақдирсоз маҳсуб меёбад.
Ба ин муносибат кулли мардуми ноҳияро ба ифтихори бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз рӯзҳои башумор бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, самимона шодбош гуфта, саломативу сарбаландӣ орзу менамоям.
Дар замони пуртаззод ва зудтағйирёбандаи муосир нақши сулҳ ва пойдории он нисбат ба ҳар вақти дигар аҳамияти хоса касб кардааст. Зеро сулҳу оромӣ муҳимтарин омили рушди аҳли башар ба ҳисоб меравад.
Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар сол дар кишвари мо соли хониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо дарси сулҳ оғоз мегардад.
Аз ин рӯ, бахусус, наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд.
Омӯзгорон бояд ба шогирдони худ ҳангоми дарси сулҳ аҳамият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат маънидод намуда, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд.
Дӯстони азиз!
Рушду нумӯи соҳаи маориф асоси ҷомеа ва иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад.
Пешвои муаззами миллат инкишофу пешрафти мактабу маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муайян намуда, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар аҳли илму маорифро вазифадор намуданд: “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ба корҳои эҷодиву техникӣ вазифаҳои муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.”
Соҳаи маориф дар сохтори сиёсиву иҷтимоии давлат ҳалкунанда буда, нақши калидӣ ва барои баланд бардоштани маърифатнокӣ ва камолоти маънавияти ҷомеа мавқеи беназир дорад.
Яке аз василаҳои санҷиши донишии хонандагон ин иштироки бевоситаи онҳо дар олимпиадаҳо мебошад. Боиси қаноатмандист, ки хонандагон ҳамасола дар ин маъракаи муҳим ширкати фаъолона доранд. Дар давоми солҳои 2020-2021 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, ба гирифтани 79 ҷойҳои фахрӣ мушарраф гаштанд. Илова бар ин, иштироки хонандагон дар Академияи хурди илмҳо низ назаррас буда, дар ин муддат 63 нафар хонандагон аъзои Академияи хурди илмҳо гардиданд.
Муҳтарам омӯзгорон!
Имрӯзҳо вазъи сиёсии ҷаҳон, алалхусус ҳолатҳои бавуқуъпайвастаи давлатҳои минтақа моро водор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, дар ҳолати омодабошӣ қарор гирем, Ватанамонро дӯст дорем ва баҳри ҳифзу амнияти он тамоми қувваю матонати хешро сафарбар намоем. Бо боварӣ иброз менамоям, ки имрӯз мардуми кишвар ва махсусан мардуми худогоҳу худшиноси ноҳия, ки дорои маърифати баланду зиракии сиёсӣ мебошанд ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба рушду такомул ва ободию шукуфоии Тоҷикистон нигаронида шудааст, комилан ҷонибдорӣ месозанд, ҳамеша чун пайравони Пешвои муаззами миллат баҳри ҳимояи дастовардҳои бузурги милллӣ аз қабили ваҳдату истиқлолият ва сулҳу суботи ҳамешагӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Таъкидҳои Пешвои миллат дар мавриди таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ ва бо донишҳои муосир мусаллаҳ намудани онҳо кормандони соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки боз ҳам дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ бештар ба ин масъалаҳо таваҷҷӯҳ намуда, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлатро таъмин намоянд.
Боварӣ дорам, омӯзгорон ҷиҳати омӯхтани навгониҳои илмиву таълимӣ, таҷрибаи пешқадам ва такмили маҳорату малакаи касбии худ мунтазам кӯшиш менамоянд.
Ҳар кадоми Шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.
Дар баробари Шумо — наврасону ҷавонони диёр ман ҳамаи кӯдаконеро, ки имсол ба синфи якум мераванд, табрик гуфта, ба онҳо саломативу умри дароз орзу мекунам ва умедворам, ки кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд.
Дар охир кулли омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро бо оғози соли нави таҳсил самимона табрик мегӯям.
Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил муборак бошад!

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.