Табрикоти Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф бахшида ба Рӯзи табибон

 99 боздид

Табибони ҳозиқи замон!
Чун анъана санаи 18 август ҳамчун рӯзи мавлуди Абӯалӣ ибни Сино ва рӯзи касбии кормандони тиб ҷашн гирифта мешавад, зеро Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун олим, табиб, файласуф ва адиби тоҷику форс дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад.
Ибни Сино на танҳо бо андешаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиаш, балки тавассути назариёти тиббиаш ҷовидонаю абадзинда аст. Ӯ парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдевори илми ҳазорсолаи тиббист.
Аз ин лиҳоз, касби табибӣ касби худоназаркарда аст. На ҳар кас табиби мардумӣ шуда метавонад.
Аз биноиши олам об, оташ ва боду хок унсурҳоест, ки тафсираш беназир. Маънидоди он бахотири дарёфти ҳақиқати ҳаёт. Паси панҷаи ангушт бо нигаҳе рамуз мегирӣ. Ҳама андармони ин чор унсуранд. Ҳама дар гирумони зиндагӣ андармон. Ҳама пойбанди андешаҳо, ҳама пойбанди такудавҳо. Миёни ин ҳама давутозҳо инсонҳое арзи ҳастӣ мекунанд, ки дунёяшон барои бунёд намудани дунёи дигарон аст, яъне рисолати онҳо офаридани ҳаёт аст.
Инсонро вақте Холиқи якто офарид, ба ӯ фариштае фиристод бо хилъати сафед ва ин офаридаашро “табиб” мухотаб кард. Ба ӯ амр намуд, ки кашфи тани сиҳаташро ба номи ту муҳр кардам.
Пас ӯ суол кард: “Чӣ гуна ман ба ҷисми одамӣ иродати сиҳатӣ бахшам? Паём омад, ки ман иршодрасони туам.
Ин ҳақиқати азалист, ки инсон аз лаҳзаи аввал бо ёрии табиб рӯи олам омада, рӯи дастони ӯ оламу одамро мебинад. Тифли навзод аввалан бор ранги сафедро дида, дунёро аз ин ранг мешиносад. Сафедӣ дар ҳаёти инсон аз лаҳзаҳои аввалин ворид шуда, вопасин орзуву омолаш рӯи он ба интиҳо мерасад.
Пас онҳое, ки хилъати сафед доранд, назаркардаҳои Худованд, муҳофизи тани сиҳат ҳастанд. Онҳо оини хоса доранд. Оине, ки пеши касбияти пири корашон “Гипократ” қасам ёд мекунанд. Оине доранд, ки пеши паёмбари тибби олам Синои бузург садоқатдоранд. Оине доранд, ки ҳеҷ гоҳ қасам намешикананд. Оне ки қасам аз ёд бурд, дар оинашон ҷой намедиҳанд. Чи дунё доранд, ин хилъатсафедон.
Роҳати ҷонашонро дар шифои ҷони бемор медонанд. Бешак, дар ҳама давру замон онҳо пешбарандаи сиҳатии ҷомеа ҳастанд.
Алқисса замоне, ки вабои куруноӣ асту фосилаҳо бисёр ҳассосу хатарноканд, ба ин нигоҳ накарда, устуворона аз сафи хеш берун намеоянд, зеро вазъе ба амал омадааст, ки имтиҳони ҷиддӣ пеши онҳост. Онҳо сарбаландона, содиқона ба фарзанди инсон хизмат мекунанд. Ин замон рӯ ба дари азизону пайвандон баста, либоси муҳофизатӣ бар тан ба набарди ҳаёту мамот меоянд. Амният ва кафолати ҷони хешро фаромӯш мекунанд, то дардмандеро шифо бахшанд, то хонаеро аз панҷаи ғам раҳо созанд. То тифле гирёну модаре фиғон насозад.
Гоҳо барои ин хизматҳояш таҳсин мешунаваду гоҳе зери борони таҳқиру ҳақорат мемонад.
Аммо дар ҳама ҳолат эътироз намекунад. Агар, ки дар пеши марг оҷиз монд, хуни дил мехӯрад. Агар зафарёб шуд, эҳсоси хушбахтӣ мекунад. Ҳар лаҳзаву ҳар соат барои бемораш парешон аст.
Чӣ рӯзу рӯзгоре доранд, табибоне, ки имрӯз миёни ин вабо мондаанд. Аммо лаҳзае аз муборизаи маргу ҳаёт даст надодаанд.
Табиби ҳақиқӣ кист? Нафаре, ки баробари бемораш намехобад, наменӯшад то бемораш шифо наёбад. Нони ӯ нони ҳалол аст, нони бедорхобист, нони шабзиндадорист. Ноне, ки ҳангоми соиш додан, лаззати ҷовидонӣ дорад.
Мӯҳтарам табибон!
Аз ин минбари баланд хитобам ин аст, ки Шумо фарзандони арзандаи диёр ҳастед. Чу муҳофизони Ватан ҳаёти одамиро эмин хоҳед дошт. Мардуми ин марзу бум, ба Шумо эътимод доранд. Шумо мисоли гавҳари ҳалқабанди тани бедарди мардумед.
Пас, Шумо арзандаи ҳама қадршиносиву ҷоизаед. Пас, Шумо табибон, ҳабибони оламед. Ҳаққи саодатманд буданро доред. Ин рӯзҳо мегузаранд, дар саҳфаи таърих ҷонбозиҳо, қаҳрамониҳои Шумо номнавис (нигинбандӣ) хоҳад шуд.
Табибон, ҳамшираҳои шафқат ва онҳое, ки дар ин соҳа заҳмат мекашед. Аҳсан, ба кору пайкоратон, барои содиқ будан ба касбатон, барои ҷон ба каф гирифта, барои дигарон зистан, аҳсан! Аҳсан, барои ҷон кандану ҷон харидан! Аҳсан, барои набзи дилҳоятон, ки ба хотири ҷони бемор метапад. Аҳсан, барои дастони ҳароратсанҷатон, ки таби бемор паст мегардад. Аҳсан, барои суханҳои шифоангезатон, барои умед додану сафо бахшиданатон! Аҳсан, барои меҳрубону руҳнавозу раҳнамою марҳаму вориси арзандаи Сино буданатон!
Иди касбиатон муборак бошад, табибони маҳбуби давр!

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.