ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Муҳаммадзода Шӯҳрат ба мардуми ноҳияи Ашт ба муносибати Иди саиди Фитр

 289 боздид

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати Иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар сокини диёр осоишу тандурустӣ, файзу баракат ва рӯзгори ободро орзу менамоям.
Мавриди зикр аст, ки дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баистифодадиҳии якчанд иншоотҳои таъиноти гуногун ба ноҳия сафари корӣ анҷом доданд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар яки мо мебошад.
Боварӣ дорам, сокинон аз ин ташриф руҳу илҳоми тоза гирифта, минбаъд бо иқдомҳои неки созанда дар корҳои ободкориву созандагӣ баҳри ободу зебо гардонидани диёри аҷдодиамон саҳми назарраси хешро мегузоранд.
Ҳамаи мову Шумо хуб медонем, ки ислом моҳиятан чун дини маърифату ахлоқ ғояҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, муоширати нек ва муҳаббату самимиятро бо аҳли хонадон, хешу табор, ҳамсояҳову атрофиён талқин мекунад.
Инчунин, раҳму шавқат ва кӯмаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, беморону шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат амалҳое, мебошанд, ки риояву иҷрои онҳо қобили таҳсин ва кори хайру савоб шуморида мешавад. Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки савоби навозиши дилшикастагону муҳтоҷон аз фазилати ҳаҷҷи акбар зиёдтар аст.
Воқеан, додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад.
Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат зимни суханрониашон дар мулоқот бо мардуми ноҳия иброз намуданд, “Мо бояд ҳар як қитъаи заминро самаранок истифода кунем, на кам аз 3 ҳосил ба даст орем, маҳсулоти ниёзи аввалро захира намоем, аз ҷумла ғалладонагӣ, зеро бо пайдоиши мушкилоти зиёд аломатҳои вазнини сол дар болоравии нарху навои маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ аён шуда истодаанд.”
Бинобар ин, тамоми мардуми ноҳия, махсусан, занону бонувон сарфаю сариштакориро пеша намоянд, зеро ин роҳи ягонаи пешгирӣ кардани таъсири манфии ин раванд ба зиндагиву рӯзгори мардум мебошад.
Имсол мо 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Имрӯз ифтихор аз он мекунем, ки Тоҷикистони азизи мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон аст ва ҳамчун давлати соҳибихтиёру озод соҳиби мақом ва овози баробар бо дигар иштироккунандагони муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.
Мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолу озодиро ба ҷо оварем, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва тамоми саъю кӯшиши худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон равона созем.
Инчунин, бояд ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои ояндасози халқамон эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем. Зеро, давлатро ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус, соҳибмаърифату донишманд ва дорои касбу ҳунарҳои муосир бунёд ва соҳибӣ мекунанд ва нуфӯзу обрӯи давлати куҳанбунёдамонро маҳз онҳо баланд мебардоранд.
Дар ин лаҳзаҳо моро зарур аст, ки муҳимтарин арзишҳои дини мубини исломро дар робита ба дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ятимону камбизоатон ва маъюбону муҳтоҷон тавсеа бахшида, барои амалӣ гардидани яке аз рукнҳои моҳи мубораки Рамазон — додани садақаи фитр тадбирҳои муҳим андешем.
Бори дигар иди саиди Фитрро ба мардуми ноҳия табрик мегӯям ва ба ҳар хонадон саломатӣ, саодатмандӣ, сарбаландӣ, имони комил ва муҳимтар аз ҳама оромиву осоиш орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз !

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.