Кормандон ва собиқадорони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт
Ҷашни таъсисёбии Рӯзи милитсияи тоҷик дар арафаи тантанаи ҷашни бузурги таърихӣ — 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардида истодааст.
Дар ин лаҳзаҳои хурсандӣ бо камоли ифтихор ҳамаи Шумо – кормандон ва собиқадорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Аштро, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми арзанда мегузоред, бо иди касбиатон – Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният менамоям.
Ба Шумо тани сиҳат, хонаи обод ва дар фаъолияти душвору пуршараф пешравиҳо орзу мекунам.
Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқӣ ва устувории қонун ба сомон мерасонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд:
“Аз масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти онҳо аз бисёр ҷиҳат инкишофу пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона вобаста аст.”
Қайд кардан зарур аст, ки баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи аввалинҳо бар зидди ҷинояткорӣ мубориза мебарад.
Падидаҳои нави ҷинояткорӣ дар ҷомеа, аз қабили терроризм, хариду фурӯши одамон, экстремизми динӣ, ҷиноятҳои муташаккил, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ба вуҷуд омаданд, ки фаъолияти кормандони мақомоти милитсияро боз ҳам вазнинтар мегардонид.
Маҳз, дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти мунтазами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суботи кишвар комилан таъмин гардид.
Дар ин замина, пеши роҳи содиршавии ҷиноят гирифта шуда, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Мо сокинони ноҳия ифтихор мекунем, ки бо саҳми арзанда ва қаҳрамонҳои худ Шумо-кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, устувор намудани сулҳ ва суботи ҷомеа саҳми назаррас доред.
Дар ин роҳ баҳри барқарорсозии сохти конститутсионӣ садҳо нафар ҷавонон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро аз даст додаанд.
Хотираи неки онҳо ҳамеша пос дошта мешавад, ки ин қарзи шаҳрвандии мо ба ҳисоб меравад.
Мардуми ноҳия хотираи неки фарзандони шуҷои миллат — кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ Уткур Абдувалиев, Шарифҷон Раҳмонов, Тоҳир Дадоматов, Садриддин Тоҳиров, Ғайратҷон Отаев, Аваз Собиров, Назирҷон Исмоилов, Қурбон Мирзоев ва даҳҳо дигаронро, ки дар роҳи адолат, пойдории давлату миллат, дар муборизаҳои шадид ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир намебароранд.
Ватани мо, ки аз чунин душворӣ, нооромиҳо, бо заҳмату талошҳо ва хизматҳои арзанда, таҳти Сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбаландӣ баромад, бояд қадр намоем.
Ба ин Ватани маҳбуб софдилона меҳнат кунем, дӯст дорем, Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Бори дигар ҳамаи Шумо ва дар симои Шумоён тамоми сокинони ноҳияро бо иди касбӣ-Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик табрик гуфта, ба кормандони милитсия дар адои вазифаи пуршарафу пурмасъул муваффақиятҳои назаррас орзу менамоям.
Ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед!