ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Муҳаммадзода Шӯҳрат бахшида ба Рӯзи табибон

 397 боздид

Табибони ҳозиқи замон!

Чун анъана санаи 18 август ҳамчун рӯзи мавлуди Абӯалӣ ибни Сино ва рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад, зеро Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун олим, табиб, файласуф ва адиби тоҷику форс дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад.

Ибни Сино на танҳо бо андешаҳои ахлоыӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиаш, балки тавассути назариёти тиббиаш ҷовидонаю абадзинда аст. Илми тиб исбот намудааст, дар ин соҳа нафароне фаъолият мекунанд, ки онҳо инсонҳои боиродаву матин ҳастанд. Зеро интихоби ин касб  аз шахс масъулияти баландро талаб намуда, ҳифз ва эҳтиёти ҳаёти одамиро таъмин менамояд.

Аз ин лиҳоз, табиб шахсест, ки худоназаркарда аст. Аҳсан, ба табибони ҳозиыи замон!

На ҳар кас табиби ҳаыиыӣ шуда метавонад. Табиби ҳаыиыӣ кист? Нафаре, ки баробари бемораш намехобад, наменӯшад то бемораш шифо наёбад.

Муҳтарам табибон!

Аз ин минбари баланд ба Шумо баён менамоям, ки  фарзандони арзандаи диёр ҳастед!Чу муҳофизони Ватан ҳаёти одамиро эмин хоҳед дошт. Мардуми ин марзу бум, ба Шумо эътимод доранд.

Пас, Шумо арзандаи ҳама қадршиносиву ҷоизаед.

Дар фаъолияти  имрӯзаи кормандони соҳаи тиб як қатор чеҳра ва  шахсиятҳое меистанд, ки зикри номи онҳо ҷоиз ва боиси ифтихор аст. Табибони ҳозиқ Неъматов Муҳаммадҷон, Қодирова Зоя , Ҳасанов Маъмур, Мамадёров Атамҷон, Марипов Ёқубҷон, Ҳамроқулова Умриниссо, Эргашев Содирҷон, Турсунов Аҳмадхӯҷа, Имомназаров Шӯҳрат, Илёсов Муҳаммадҷон, Турдалиев Қурбоналӣ, Аслонова Мавҷуда, Иномова Латофат, Ҷамолова Раъно, Сармусоқова Сабоат, Тоҳирова Манзура, Майнусов Шокир ва  чанде дигарон.

Онҳо бо касбияти баланди хеш миёни мардум маҳбубияти хоса доранд. Месазад бигӯем, ки Шумоён табибони ҳозиқед!

Ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти кори муассисаҳои тиббӣ имрӯз чӣ бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маыомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ноҳия, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва ташкилотҳо иншоотҳои нави соҳаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда истодааст.

Дар деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғоз бинои нави замонавии Беморхонаи минтақавии № 5 барои  80 кати бистарӣ бо арзиши 16 миллиону 763 ҳазор сомонӣ бунёд гардид.

Санаи 16-уми апрели соли равон  аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кориашон ба ноҳияи Ашт мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ашт  дар шаҳраки Дӯстӣ айни замон бо дастгирии ширкати хориҷӣ  сохтмони шуъбаи таваллудхона роҳандозӣ гардида, дар таҷлили 35- солагии Истиқлоли  кишвари азизамон сохта ба истифода дода мешавад. Инчунин дар деҳаи Дулонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод сохтмони бинои нави Бунгоҳи тиббӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҷураев Қудратулло  оғоз гардида, баъд аз анҷомёбии сохтмон ба истифода дода хоҳад шуд.

Дар деҳаҳои Мулломири Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва маҳаллаи Ашти поёни Ҷамоати Ашт ыитъаи замин барои сохтмони бинои Бунгоҳи саломатӣ ҷудо карда шудааст ва дар рӯзҳои наздик сохтмони биноҳо бо дастгирии аҳолии деҳа оғоз карда мешавад.

Ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву табобатӣ низ бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи 2 млн. 400 ҳазор сомонӣ коргоҳи кислород сохта шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли кислород дар 1 шабонарӯз 1200 литрро дар бар мегирад.

Барои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия барои ташхису табобати аҳолӣ 1 адад биоэлектромассаҷёр ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ, 1 адад дастгоҳи ултрасадои портативӣ ба маблағи 50 ҳазору 900 сомонӣ, 1 адад оксигенератор ба маблағи 8 ҳазору 400 сомонӣ, 30 адад пулсоксиметр ба маблағи 8 ҳазору 300 сомонӣ ва 2 адад таҷҳизоти СБД -3 бо монитор ба маблағи 17 ҳазору 600 сомонӣ таҷҳизоти видеоэндоскоп ба маблағи 1млн 500 ҳазор сомонӣ, 2 мошини ёрии таъҷилии замонавӣ харидорӣ ва дастрас карда шудааст.

Дар марказҳои саломатӣ ба 227 ҳазору 478 нафар ниёзмандон аз тарафи табибон кӯмаки тиббӣ расонида шудааст. Дар беморхонаҳои ноҳия дар ин давра 4206 нафар беморон  муолиҷа карда,  саломатии худро барқарор намуданд.

Дар фарҷоми суханам ба Шумоён, табибон, ҳамшираҳои шафқат ва онҳое, ки дар ин ҷодаи пурмасъулияти соҳаи тандурустӣ фаъолият менамоед, комёбиву муваффақиятҳо хоҳонам.

Ба Шумо саломатӣ ва барору комёбӣ таманно намуда, орзуманди онам, ки ҳамаи дониш, малака ва маҳорати хешро баҳри ҳифзи ҷомеа равона менамоед. Ҳадаф ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш дониста, ба ҳар як бемор содиқона хизмати тиббӣ мерасонед.

Иди касбиатон муборак бошад, кормандони соҳаи тиббӣ ноҳия!

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.