ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода  ба муносибати иди касбии “Рӯзи омӯзгорон” (05.10.2025)  

 249 боздид

 

Устодони азиз, омӯзгорони гиромӣ ва собиқадорони иззатманди соҳаи маориф!

Тибқи муқаррарроти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” якшанбеи якуми моҳи октябр ҳамасола иди касбии Рӯзи омӯзгорон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо – устодони иззатманд, омӯзгорони муҳтарам ва собиқадорони гиромии соҳаро самимона табрику таҳният намуда, сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, рӯзгори пурфайзу бобаракат ва дар иҷрои вазифаҳои пуршараф комёбиҳои назаррас таманно дорам.

Маврид ба зикр аст, ки ин иди касбии омӯзгоронро зиёда аз 100 давлатҳои ҷаҳон  ҳамчун «Рӯзи байналхалқии омӯзгор» ҳар сол якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр ҷашн мегиранд. Ин шаҳодати он аст, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому мартабаи омӯзгор ҳамеша баланд буд ва баланд хоҳад монд.

Дар ҳақиқат омӯзгор — муаллим, устод, тарбиятгар буда, раҳнамои зиндагонӣ, қулфкушои маҳзани илму адаб, равшанкунандаи қалбҳои пиру барно аст. Бе омӯзгор, бе раҳнамо ягон роҳ тай намешавад ва ба манзили мақсад касе нахоҳад расид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, дар бобати мақому манзалати омӯзгор ва нақши босазои онҳо, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки: “Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад”.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгорон ва соҳаи маориф ҳамарӯза таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад ва ғамхорӣ нисбати онҳо ба хотири рушду такомули маорифи кишвар, боло бурдани сифати таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, ба шароити замона мутобиқ намудани мазмуну мундариҷаи таълим, тарбияи мутахассисони асил барои мамлакат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бесабаб нест, ки дар ҷумҳурӣ соҳаи маориф дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самти асосӣ ва стратегӣ эълон шудааст.

Алҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия садҳо нафар омӯзгорони эҷодкору навовар фаъолият мебаранд, ки дар рушди бемайлони соҳа корҳои шоиста ва ибратбахшро ба анҷом расонида, дар дили шогирдони худ маскан гирифтаанд.

Умед аст, ки онҳо минбаъд низ барои рушду камолоти маънавии шогирдон ҷидду ҷаҳд намуда, сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишварро дар амал тадбиқ менамоянд.

Дар ноҳия баҳри дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас мунтазам чораҳо андешида мешаванд.

Сол аз сол ба мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии таълимгоҳҳо, бунёди биноҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таъминоти таҷҳизотҳои мактабӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори мактабу маориф, идомаи ҷорисозии технологияҳои муосири таълиму тарбия, бедор намудани шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, баланд бардоштани сатҳи таълим ва сифати дониши хонандагон бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад.

Боиси хурсандист, ки солҳои охир фаъолияти кории  даҳҳо омӯзгорони ноҳияи мо дар сатҳи вилояту ҷумҳурӣ ҳамчун устодони соҳибтаҷриба, эҷодкор, соҳиби маҳорату малакаи баланди касбӣ эътироф гаштаанд. Туфайли заҳматҳои омӯзгорони асил сатҳи дониш дар мактабҳо сол то сол тибқи талаботи замон беҳтар мегардад.

Иштироки шумораи зиёди хонандагон дар олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳурӣ, назаррас буда онҳо, дар Академияи хурди илмҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуда истодаанд. Бурду бохти соҳаи маориф дар конференсияи омӯзгорон бо пуррагӣ таҳлили худро ёфта буд, бинобарон ман имрӯз таъкид карданиям, ки дастовардҳо назаррасанд, ин натиҷаи меҳнати ҳамаи омӯзгорон мебошад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шахси омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф нерӯи боқудрату тавоно, бунёдкору созанда ва эҷодкорро мебинад, ки рушду нумӯи ноҳияро бе онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Ба Шумо устодону омӯзгорони арҷманд, дар таълиму тарбияи насли наврас, махсусан дарёфт ва тарбияи шогирдони лаёқатманду боистеъдод, ки хазинаи тиллоии мамлакатро ташкил менамояд, аз бисёр ҷиҳат рушди ояндаи давлату миллат ба онҳо вобастагии зиёд дорад, барору комёбиҳо таманно дорам.

 

Рӯзи омӯзгорон муборак, ҳамеша сарбаланду пирӯзманд бошед!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.