Табрикотии Раиси ноҳия муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода  ба муносибати Рӯзи варзишгарон

 3 893 боздид

Варзишгарон, собиқадорон ва мураббиёни варзиш!

        Дар саросари кишвар 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад, ки дар таҷлили 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  30 – солагии Иҷлосияи 16 -ум Шӯрои Олӣ,    ин санаи фархундаро ба кулли кормандон ва собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиёну варзишгарон ва дӯстдорони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муборакбод намуда, саломативу хонаободӣ, фирӯзиву сарбаландӣ ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно менамоям.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд: “Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.”

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ  ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пазируфта шуда, имрӯзҳо тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини  оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардида истодааст.

Тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду дар ҳаёти аҳли ҷомеа, бахусус, ҷавонон ҳамчун омили тавонои ҷисму руҳи солим, муҳимтар аз ҳама таблиғи тарзи ҳаёти солим  хизмат мекунад.

Дар ноҳия муассисаҳои давлатии мактаби варзишии рақами 1, 2, 3 ва муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии футбол фаъолият намуда, ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба варзиш, тайёр намудани варзишгарони болаёқат, 60 нафар мураббиён фаъолият карда истодаанд.

Дар ин муассисаҳо аз рӯйи 14 намуди варзиш (аз ҷумла, кикбоксинг вако, бокс, батминтон, тӯби дастӣ, волейбол, варзиши сабук, тенниси рӯи миз, футбол, искандарӣ, гӯштини тарзи озод, гӯштини камарбандӣ, чавгонбозӣ, таэквандо ВТФ, муай-тай дар маҷмӯъ (11 намуд олимпӣ, 1 намуд ғайриолимпӣ ва 2 намуд варзиши миллӣ) ҷиҳати дар сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ тайёр намудани варзишгарон ва оммавигардонии варзиш тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Варзишгарони ноҳия анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳо гардида истодаанд.

Варзиш қосиди сулҳу амонӣ, воситаи беҳтарини пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, тарғибгари тарзи ҳаёти солим ва саломатии бардавоми насли ояндасози  меҳан мебошад.

Инчунин ба варзишгарони мо муяссар гашт, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 дар мусобиқа, чемпионатҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ иштирок намуда,  сазовори 138 медали тилло, 136 медали нуқра ва 132 медали биринҷӣ гардиданд.

Ба забон овардани номи варзишгарони ноҳия ба монанди Музаффарова Бибиҷон, Сафинаи Бахтиёр, Назмиддинова Шоира, Мирзалиева Хубон, Негматов Хуршед, Тиллоева Парвина, Ҷураев Алишер, Имомназаров Ҷурабек, Рузиматов Руслан ва чанде дигарон аз намудҳои варзиш боиси ифтихори мардуми ноҳия мебошанд.

Варзишгарони муҳтарам!

Имрӯзҳо нуфӯзи футболи тоҷик дар миқёси давлатҳои хориҷи кишвар боло рафта истодааст, ки дар он саҳми футболбозони тоҷик калон аст.

Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзиши футбол”-и ноҳия аз соли 2018 фаъолияташро оғоз намудааст, ки дар он 14 нафар мураббиён баҳри тамрини гурӯҳҳо сафарбар шудаанд.

Дар ноҳия дастаҳои футболи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот амал карда, мунтазам дар бозиҳои минтақавии байни дастаҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳия ва лигаи ноҳиявӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Ман боварӣ дорам, дастаҳои футболи ноҳия маҳорату малакаи касбии худро боз ҳам равнақ дода, дар мусобиқаҳои минбаъда ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор хоҳанд гашт.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат таъкид медоранд, ҷавонон-варзишгарони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳои зидди давлату миллат омода ҳастанд манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар   боло  медонанд.

Боварӣ дорам, ки варзишгарони ноҳия минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои варзишӣ равона намуда, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Дар ҷодаи пешрафти фаъолияту зиндагӣ ба ҳар як варзишгари ноҳия саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

Итминони комил дорам, ки Шумо варзишгарон дар арсаҳои байналмилалӣ парчами Ватани азизамон, Тоҷикистонро баланд мебардоред ва обруву нуфузи миллатамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоед.

Ид муборак, варзишгарони бонангу ори Ватан!

Саломату сарбаланд бошед!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.