Табрикотии Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила  

 5 663 боздид

        Ҳамдиёрони азиз!

Боиси қаноатмандист, ки ҳамасола 15-уми май дар тамоми дунё, аз ҷумла, дар Тоҷикистони азизамон бо мақсади тарғибу ташвиқи  анъанаҳои неки оиладорӣ Рӯзи байналмилалии оила — ҷашни хушбахтӣ, ишқ ва вафодорӣ таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат кулли сокинони ноҳияи Аштро табрик намуда, ба ҳар хонадон тансиҳативу хонаободӣ, меҳру садоқат, зиндагии босаодату бардавом ва фарзандони солим орзу менамоям.

Равшан аст, ки ҷомеаи солим аз модару кӯдаки солим ва оилаи бомаърифат сарчашма мегирад. Пойдорӣ ва устувории оиларо муҳаббат ташкил медиҳад, зеро танҳо муҳаббати самимӣ метавонад оиларо мустаҳкам ва мушкилоти ба сар омадаро бартараф месозад.

Оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои

зарурӣ андешида мешаванд.

Воқеан, нақши оила ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст басо бузург аст. Мо бояд чунин оилаҳое бунёд кунем, ки дар он муҳаббати ҳақиқӣ, иззату эҳтироми байниҳамдигарӣ ҳукмфармо бошад.

Ҷаҳони муосир имрӯз аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардида, масъулияти падарону модаронро боз ҳам зиёдтар кардааст. Ин раванд аз волидон зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.

Бахусус, модарони азиз вазифадоранд, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ ба наврасону ҷавонон сабақи дуруст диҳанд ва нагузоранд, ки фарзандонашон бадкирдору бадбахт шавад.

Дар ин ҷода, модаронро зарур аст, ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, онҳоро дуруст ба воя расонанд, маърифати оиладориро таълим диҳанд, маданияту одоб омӯзонанд ва соҳиби касбу ҳунар гардонанд, то онҳо бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат дар боз ҳам обод намудани кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.

Бори дигар кулли сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик намуда, саломатӣ, саодати рӯзгор ва барори кор таманно менамоям.

Иди оила муборак!

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.