Ҳамдиёрони азиз!
Санаи 24-уми ноябр тамоми тоҷикистониён боз як ҷашни таърихӣ, рӯзи саиду саодатбахш Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд
Ба ифтихори ин санаи таърихӣ тамоми хурду бузурги ноҳияро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.
Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, соли 2009 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муьтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола ин рӯзи муборакро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.
Воқеан, ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад, яъне Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек, давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.
Санаи 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз гардид.
Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодони сарбаландамон мерос мондааст.
Ҳар як рамзи Парчами миллӣ равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.
Бояд зикр намоям, ки Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
Аз ин лиҳоз, соҳибихтиёрии давлати мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки Парчами давлатӣ, хусусан, барои нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.
Ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ Парчами Тоҷикистонро дар дуртарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд.
Боиси сарфарозист, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавфишонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу ватандӯст ва кишвари дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳон муваффақи мо мебошад.
Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ, ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ливои зафар сарҷамъ бошем.
Итминон дорам, ки муҳаббат ва садоқати мардуми ноҳия ба Парчами давлатӣ дар замири ҳар сокини диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллиро дучанд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ раҳнамун месозад.
Бори дигар, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар яки Шумоён ва дар симои Шумо ба кулли мардуми кишвар муборакбод гуфта, орзу дорам, ки Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба сӯи ояндаи неку осуда бошад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!