Санаи 19-уми декабр дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, тағироти кадрӣ дар бахши фарҳанги ноҳия сурат гирифт.
Бино бар сабаби ба кори дигар гузаштан, Нодира Ёрматова аз вазифаи директори МД “Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” озод ва ба ҷои ӯ, дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, аз 18 декабри соли 2018, таҳти №555, Сарвар Ҷӯраев директори МД “Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт таъин гардид.
Сарвар Ҷӯраев хатмкардаи Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон буда, то ин дам дар сохтори муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ашт фаъолият дошт.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев ба кадри навтаъин дар вазифаи пурмасъулият барору сарбаландӣ таманно карданд.