Тағироти кадрӣ дар ҷамоати шаҳраки Шайдон

 1 521 боздид

27 марти соли ҷорӣ бо иштироки и.в раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар толори ҷамоати шаҳраки Шайдон тағироти кадрӣ сурат гирифт.

Баҳриддинов Баҳодур Ғуломиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки Шайдон озод гардида, бо пешниҳоди Зариф Мирдадо ва Қарори маҷлиси ҷамоати ш.Шайдон Рустамзода Наврӯз Рустам раиси ҷамоати шаҳраки Шайдон таъин гардид.

Рустамзода Наврӯз Рустам то раиси ҷамоати ш.Шайдон таъин гардиданаш дар вазифаи мудири Бахши ҳифзи иҷтимоии МИҲД-и ноҳияи Ашт фаъолият дошт.

Зариф Мирдадо ба кадри навтаъин дар фаъолияти пурмасъулият барору комёбӣ таманно намуда, таъкид кард, ки содиқона адои вазифа намояд.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.