Санаи 25 майи соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Роҳбари МИҲД-и, раисони ҷамоату шаҳраки деҳот ва роҳбарони сохторҳо ва корхонаву ташкилотҳои ноҳия тағироти кадрӣ сурат гирифт.
Каримзода Хушнуд Каримӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия озод гардида, бо қарори Раиси ноҳия аз 25 майи соли 2018, № 277, Баҳриддинзода Ақлиддин роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия таъин гардид.
Баҳриддинзода Ақлиддин аз соли 2015 то моҳи майи соли 2018 ҳамчун ёрдамчии муовини Раиси вилояти Суғд оид ба соҳаи иҷтимоиёт фаъолият намудааст.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба кадри навтаъин дар фаъолияти пурмасъулият барору комёбӣ таманно намуда, таъкид кард, ки содиқона адои вазифа намояд.