Таҳниятнома ба Раиси тозаинтихоб Муҳаммадзода Шӯҳрат.

 394 боздид

Имрӯз дар таърихи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт боз як саҳифаи нав боз гардид. Ин саҳифа бо боварӣ ва дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нафар фарзанди фарзонаи диёр, ҷавони муваффақу боҳиммат, соҳибкори саховатпеша, тарбиятдидаи домони омӯзгор Муҳаммадзода Шӯҳрат интихоб гардида, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ояндаи ин диёр боз ҳам шукуфон хоҳад буд, зеро чеҳра ва шахсияти ин нафар ба ҳамагон ошност. Мардуми ноҳия дасти хайру кӯмак ва саховату ҳиммати ин фарзанди арзандаи диёрро борҳо шоҳид гардидааст.
Муҳтарам, Муҳаммадзода Шӯҳрат, Шуморо ҷиҳати тоза интихоб гардидан ба вазифаи Раиси ноҳияи Ашт сидқан табрик намуда, дар корҳои ободиву созандагӣ, якдиливу якмаромӣ, хизмати содиқонаву ҷавонмардона барору комёбиҳо таманно намуда, орзуи онро дорем, ки солҳои роҳбарии Шумо солҳои бобарор дар саҳфаҳои таърих мондагор бошанд.
Аҳли кормандани Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва мардуми бофарҳанги ноҳия дар паҳлуи Шумо истода, ҳамеша баҳри ободии диёрамон — Ашти бостон саҳм хоҳанд гузошт.
Бо эҳтиром, аҳли кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.