Таъиноти кадрӣ

 1 358 боздид

15.03.2017, шаҳри Душанбе

http://www.president.tj/node/14744

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъйин гардиданд, мулоқот намуданд.

Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи илмҳо, Кумитаи телевизион ва радиоро дарбар гирифт.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷдиди сохтор Сахидод Раҳматуллозода -Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қудрат Давлатзода ба вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Шарифзода Мумин Машокир Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Ҳамидуллохон Фақеров Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷӯрабоев Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Хайриддин Идиев — Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъйин гардида, Диловар Латифзода аз вазифаи Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуд.

Зевар Давлатзода аз вазифаи Директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» озод ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири фарҳанг таъин гардид. Бо қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода — муовини Вазири фарҳанг, Носир Саидов Директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Садриддин Шамсуддинзода Директори муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ва Субҳиддин Шамсиддинзода Директори телевизиони «Тоҷикистон» таъин гардиданд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳайати Раёсати Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардиданд.

Ба вазифаи сардорони раёсатҳои маорифи вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба тавсия шуда, барои рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, гузаронидани ислоҳоти соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ки нав таъйин гардиданд, дастур доданд, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро беҳтар намуда, барои аз байн бурдани кирдорҳои дорои характери коррупсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, шафофият ва назорати дурусти маблағҳои буҷети давлатӣ ва таъмини фазои солеҳ дар муассисаҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссарони ҳарбии Комиссариатҳои ҳарбии ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин командирони қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавон, таълимгирифтагони ду-се муассисаи олии таҳсилоти низомӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъйин гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъули соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таъйингардидаро ба хизмати софдилона ва садоқат ба давлату миллат даъват намуда, таъкид доштанд, дар иҷрои вазифаҳои базиммадошта бо ҳисси баланди масъулият муносибат намоянд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.