Имрӯз, 27-уми июн дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия 20-солагии ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд.
Дар он роҳбарияти ноҳия ҳозиринро ба рӯзи ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, иброз дошт: «Ваҳдату сулҳи тоҷикон дар натиҷаи ҷонбозиҳои зиёд ба даст омад. Аз ин хотир мо бояд якдилона барои пойдории ваҳдати миллӣ камар бандем ва Тоҷкистонро ба кишвари пешрафта мубаддал созем».
Зимни таҷлили 20-солагии ваҳдати миллӣ ҳунармандони ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангиро тақдими ҳозирин гардониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷамоатҳои ноҳия низ шоми имрӯз рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуда, табрикоти раиси ноҳияро Ҷамшед Маҳмудзода муовини раиси ноҳия ва Хушнуд Каримзода роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия ба сокинони ҷамоатҳо расониданд.
Саодат ИСМОИЛӢ