Таҷлили 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт

 864 боздид

Имрӯз, 21 феврал, дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт, бахшида ба  26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим, прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 1 Сафарзода Баҳриддин Сафар, комиссари ҳарбии ноҳия Сулмонов Қурбоналӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва  сарбозони қисмҳои ҳарбии ноҳия иштирок намуданд.

Ҳакимзода Ҳаким Карим намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида зикр дошт, артиши миллии мо дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзи таъсисёбӣ чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо афсарону сарбозонро ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт ва барои онҳо саодати рӯзгорро таманно намуд.

-Артиши миллӣ дар ҳма давру замоназ талаботи муҳимтарини давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, ба сарбозону афсарони кордон баландихтисос ва дониши мукаммали ҳарбию замонавидошта вобастагии калон дорад.

Дар идома роҳбарияти МИҲД-и ноҳия қайд намуд, ки сафи ҷавонони хоҳишманд барои адои хизмати Модар-Ватан аз ҳудуди ноҳияи Ашт зиёд гардида, онҳо довталабона ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.

Сулмонзода Қурбоналӣ комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳия дар баромади худ қайд намуд, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст. Даври ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ, ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои мусаллаҳ, даври дуввум марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам, даври асосӣ ин бунёди навъҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани инқтидори ҷангии онро дар бар мегирад.

Дар ҷараёни таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ ба роҳбарони сохторҳои ҳарбӣ, кормандони Комиссариати ҳарбӣ, кормандони ШВКД дар ноҳия ва ба як қатор сарбозон Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Комиссариати ҳарбӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҳамзамон ба оилаи сарбозони ҳалокшуда маблағи яквақтаинаи пулӣ тақдим карда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар охир ба иштирокдорон аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ пешниҳод карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.