Таҷлили 30-умин солгарди баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон дар ноҳияи Ашт

 1 087 боздид

Имрӯз, 15 феврал дар маркази ноҳия, шаҳраки Шайдон бахшида ба 30-умин солгарди баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, прокурори ноҳия Сафарзода Баҳриддин Сафар, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Солизода Абдувоҳид, муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Баҳриддинзода Ақлиддин ва ҷанговарони  байналмиллал, ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба абадӣ гардонидани хотираи неки шаҳидгардидагони ҷанги байналмиллал баргузор гардид.

Нахуст ба муносибати 30-умин солгарди баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон дар назди Муҷассамаи ҷанговарони байналмилалӣ воқеъ дар боғи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳраки Шайдон маросими гулчанбаргузорӣ сурат гирифт.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар баромади худ зикр дошт, ки дар муҳорибаҳои шадиди Афғонистон садҳо нафар ҷавонону сарбозон аз Тоҷикистон ҷони худро қурбон карданд, то нафаси охирон ба қасами ҳарбии худ дар назди халқу Ватан содиқ монданд. Ин қаҳрамониҳо барои мо ҷавонон ва мардуми тоҷик бояд абадӣ намуна бошад.

-Аз ноҳияи мо 178 нафар иштирок карда, дар муҳорибаҳои ҷангӣ 3 нафар фавтиданд ва баъди ҷанг 12 нафар вафот карданд. 9- нафар дар амалиётҳои ҷангӣ маъюб гардида, 6-нафар ба гурӯҳи маъюбӣ баъди ҷанг дохил гардиданд, зиёда аз 60 нафар бо ордену медалҳо сарфароз шудаанд, як нафар зан зодаи шаҳраки Шайдон — Соҳибова Турсуной бо ордени Ситораи Сурх сарфароз гардидааст.

Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Солизода Абдувоҳид дар баромади худ баён намуд, ки дар солҳои 1979-1989 Ҷумҳурии демократии Афғонистон амсоли танӯри тасфони даргириҳои сиёсӣ хунрезиҳои шадиду беамони тарафайн қӯшунҳои Шӯравӣ ва дастаҳои муҷоҳидони афғон, инчунин оҳу афғони мардуми азияткашидаву кулфатзада гардида буд.

Дар охири чорабинӣ, бахшида ба 30-солагии баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон якчанд ҷанговарони байналмиллал бо нишонҳои сарисинагии ҷашнӣқадрдонӣ карда шуданд.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба иштирокчиёни ҷанговари байналмиллал  кӯмаки яквақтаинаи пулӣ тақдим карда шуд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия манзури иштирокдорон гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.