Таҷлили 91-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Ашт

 708 боздид

Санаи 27-уми июли соли ҷорӣ дар толори Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарибкунонидашудаи Хадамоти давлатии оташфишонӣ оид ба муҳофизати шаҳраки Шайдон, 91-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт зимни баромади худ ба муносибати таҷлили 91-умин солагии таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр дошт, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ таърихи 91-сола дошта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июли соли 1928 таъсис дода шудааст, ки ин сана ҳамчун иди касбии оташнишонӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Дар тӯли таърих кормандони ин соҳа дар пешгирӣ ва хомӯш намудани сӯхторҳо саҳми босазо гузошта, баҳри пешрафти иқтисодиёти мамлакат кӯшишҳои зиёд кардаанд.

Сулаймонзода Насим, сардори Хадамоти оташнишонии ноҳияи Ашт аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 дар натиҷаи фаъолияти фаврию саривақтии ҳайати шахсии хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия, амволи хоҷагии халқ ва молу мулки шаҳрвандон ба маблағи 1млн 78 ҳазор сомонӣ аз сӯхтор наҷот дода шуд.

Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт зимни суҳбат бо кормандони соҳаи оташнишонӣ дар ноҳия таъкид дошт, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар хоҷагии халқ, мавзеъҳои аҳолинишин, ташкилоту муассисаҳо таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, баҳри иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саъйу кӯшиш намояд.

Дар охир аз тарафи Роҳбари МИҲД-и ноҳия, як қатор кормандони фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар панҷ соли охир бо дастгирии РХДО-и вилояти Суғди СХДО ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Ашт 2 адад нақлиётҳои оташнишонии махсус бо тамоми таҷҳизоти ва дастгоҳҳои зарурӣ тақдим карда шуда, беш аз 20 нафар дар ин соҳа кору фаъолият доранд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.