Таҷлили Иди Меҳргон дар ноҳияи Ашт

 1 182 боздид

Нимаи дуюми рӯзи 15 октябри соли равон дар назди Театри мусиқӣ- драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт Иди Меҳргон бо тантана ҷашн гирифта шуд. Дар ин рӯзи иди деҳқонон озмунҳои «Оши палав», «Кадбонуи моҳир», намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонон, бо маҳорати баланд ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Роҳбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирокдоронро  таҳният гуфта, таъкид сохт, ки “Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ рӯзи меҳр меноманд, баргузор мегардид”.

Роҳбарияти ноҳия афзуд, ки:  «Меҳргон яке аз идҳои қадимии мардуми заҳматкашу меҳнатдӯсти ориёинажод, бахусус тоҷикон ба шумор меравад, аммо як замон он то андозае аз назари мардум дур монда буд. Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани кишвар ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Тоҷикистон ин ид ба монанди дигар идҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷашн гирифта мешавад. Меҳргон айёмест, ки дар он деҳқонон пас аз ҷамъоварии ҳосили дастранҷи худ ид мекунанду барои соли оянда дуо мекунанд, ки ҳосили аз ин ҳам фаровонтар бигиранд. Дар ин ид онҳо шодию хурсандӣ мекунанд».

Барои иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳои Иди Меҳргон ба 3 шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.

Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони ноҳия табъи ҳозиринро болида намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.