Таҷлили Иди саиди Фитр дар ноҳия

 304 боздид

 

Субҳи рӯзи 13 майи соли равон, Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф бо ҳамроҳии Лоиқ Ӯрунзода намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба масҷиди ҷомеи “Нури имон”-и Ҷамоати деҳоти Понғоз ташриф оварда, кулли сокинони ноҳияро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик гуфтанд.
Нахуст Лоиқ Ӯрунзода намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, кулли мардуми шарафманди ноҳияро аз номи роҳбарияти вилоят табрику муборакбод намуд.
Баъдан, Раиси ноҳия дар Паёми табрикии худ қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи табрикоти шодбошиашон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон барҳақ қайд намуданд, ки “Моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини Ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кӯмак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад. Маҳз бо ҳамин сабаб, ин моҳи муборак, ки асоси ҳикмати маънавии онро ғолибияти ақл бар нафс ташкил медиҳад, савобу подоши бузург дорад”.
Воқеан ҳам, дар ин моҳи муборак бо нияти хайр анҷом додани амалҳои нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, авфи гуноҳҳо, аз дилҳо баровардани кинаву адоват, аёдати беморону барҷомондагон, эҳтироми падару модар ва хешу таборон, аз Худованд талаби оромиву осоиштагии сарзамин ва рушду инкишофи онро кардан аз одат ва фазилатҳои аслии милливу динии мардуми бунёдкор ва созандаи мо ба ҳисоб рафта, бешуҳба дар таҳкими сулҳу салоҳ ва ваҳдату якпорчагии ҷомеа мусоидат менамояд.
Инчунин бояд гуфт, ки дар ин рӯз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамзамон ба масҷидҳои ҷомеи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ташриф оварда, Паёми табрикии роҳбарияти ноҳия ба муносибати Иди Фитрро ба самъи сокинон расониданд.
Нимаи дуюми рӯз тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раиси ноҳия ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба интернати давлатии наздимактабии №2-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва интернати №1-и ба номи Ҳамзаалӣ Анорқулови назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Умари Хайём Ҷамоати деҳоти Ашт ташриф оварда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вилоят бахшида ба Иди саиди Фитр табрик намуданд.
Дар охир ҷиҳати болидахотирии толибилмон дастурхони идона ва барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ ташкил карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.