Таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт

 1 290 боздид

Имрӯз, 7-уми сентябр дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, ба панҷ нафар собиқадорони меҳнат, ки дар рушду нумӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои арзанда кардаанд, бо кӯмакпулии яквақта аз ҷониби Раиси вилоят, ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳаҷми 500 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой, Вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ноҳияи Ашт Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи рушди иқтисод ва савдо Ҳакимзода Ҳакимҷон, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва сокинони ноҳия иштирок доштанд.

Дар ин рӯз 9 иншоотҳои хуштарҳу замонавӣ дар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои мардуми ноҳияи Ашт дар таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзанда ба ҳисоб меравад.

 

 

 

 

 

Дар таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой, Вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ноҳияи Ашт Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи рушди иқтисод ва савдо Ҳакимзода Ҳакимҷон, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, якчанд иншооти ҷашнӣ аз ҷумла,  9 синфхонаи иловагӣ барои 225 хонанда дар МТМУ №58-и Ҷамоати деҳоти Понғоз аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳабибулло Муҳиддинов ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ, дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон хонаи саломатии Даҳана-2 аз ҷониби маъмурияти Маркази саломатии ноҳия ва бо дастгирии аҳолии деҳа бо харҷи 120 ҳазор сомонӣ, маркази савдо ва нуқтаи хизматрасонӣ дар Ҷамоати деҳоти Ориён ба маблағи 210 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Абдусамад Абдумаликов, дар деҳаи Лаби дарёи Ҷамоати деҳоти Ориён тариқи ҳашар 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 хонанда дар назди МТМУ №6 ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, дар деҳаи Сарваки Ҷамоати деҳоти Ориён хонаи саломатӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ, дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ дар ҳаҷми 700 ҳазор сомонӣ  ҳуҷраи хизматрасонии рентгении рақамӣ дар шуъбаи ҷарроҳии №2-и беморхонаи Марказии ноҳия, инчунин аз ҷониби маъмурияти маркази саломатии ноҳиявӣ ва соҳибкорони деҳа бо маблағи 243 ҳазор сомонӣ  хонаи саломатӣ дар деҳаи  Оқсинҷоти Ҷамоати деҳоти Ифтихор, дар назди МТМУ № 51-и деҳаи Ҳуҷистони Ҷамоати деҳоти Меҳробод 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 хонанда аз ҷониби кумитаи падару модарон ва соҳибкорон бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ ва дар назди мактаби варзишии рақами 1 ноҳия як майдончаи хурди футбол аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳусейн Мирзоматов бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.

Бегоҳи имрӯз дар варзишгоҳи марказӣ ҳунармандон, дӯзандагон, оҳангарон ва намояндагони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, маҳсули кори худро ба намоиш гузоштанд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой дар баромади худ иброз дошт, дар даврони Истиқлолият садҳо корхонаҳои муштарак ба истифода дода шуданд, ки шумораи онҳо дар соли охир ба зиёда аз 370 адад расида, 15 ҳазор нафар коргарон ва мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва меҳнати хуб таъмин шуданд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи рушди иқтисод ва савдо Ҳакимзода Ҳакимҷон, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт зимни баромадаш гуфт, сол аз сол бо иқдоми неки соҳибкорони пурсаховати маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ вусъат ёфта, симои шаҳрак ва деҳаҳои ноҳияамон ободу зебо гардида истодааст.

Баъдан ба як қатор фаъолони ноҳия, ки дар самти корҳои ободониву созандагӣ ва таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазо гузоштаанд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охири чорабинии идона барои иштирокдорон, барномаи театркунонидашудаи фарҳангӣ ба ҳозирин намоиш дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.