Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Ҷамоатҳои Ифтихор ва Ошоба

 515 боздид

Санаи 16-уми марти соли равон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар таҷлили ҷашни Наврӯзи Ҷамоатҳои деҳоти Ошоба ва Ифтихор иштирок намуд.

Нахуст Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар чорабинии идонаи Ҷамоати деҳоти Ифтихор иштирок намуда, сокинони ҷамоатро ба ҷашни Наврӯз табрик кард ва ба онҳо барору муваффақиятро таманно намуд. Зимни баромади худ Зариф Мирдадо афзуд: “Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои миллӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кина ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯстӣ ва расидан ба қадри зиндагии хуррамона мебошад”.

Баъдан ба як қатор фаъолон ва собиқадорони меҳнати Ҷамоати деҳоти Ифтихор Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  ва ба дастаи футболбозони “Ифтихор”-и Ҷамоати деҳоти Ифтихор Ҷоми Раиси ноҳия тақдим карда шуд.

Аз тарафи хонандагон ва устодони санъат барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзури иштирокдорон гардид.

Давоми рӯз Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар чорабинии Наврӯзии ҷамоати деҳоти Ошоба ширкат намуд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сокинони Ҷамоати деҳоти Ошобаро ба ҷашни Наврӯзи аҷам таҳният гуфта зикр дошт: “Таҷлили ҷашни Наврӯз моро водор месозад, ки барои ободу зебо гардонидани диёрамон корҳои созандагию ободониро вусъат бахшида, ҷиҳати таъмини зиндагии босаодат ва орому осудаи сокинони ноҳияамон бештар заҳмат кашем ва сарҷамъу муттаҳид бошем”.

Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз санаи 15 то 19 март дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, бахшида ба Иди Наврӯзи фархундапай чорабиниҳои идона баргузор мегардад.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *