Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Ҷамоатҳои Ориён ва Шодоба

 1 521 боздид

Имрӯз, 22-уми марти соли равон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар таҷлили ҷашни Наврӯзи Ҷамоатҳои деҳоти Ориён ва Шодоба иштирок намуданд.

Нахуст Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар чорабинии идонаи Ҷамоати деҳоти Ориён иштирок намуда, сокинони ҷамоатро ба ҷашни Наврӯз табрик кард ва ба онҳо барору муваффақиятро таманно намуд.

Баъдан ба як қатор фаъолони Ҷамоати деҳоти Ориён Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Аз тарафи хонандагон ва устодони санъат барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзури иштирокдорон гардид.

Нимаи дуввуми рӯз Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар чорабинии Наврӯзии Ҷамоати деҳоти Шодоба ширкат намуда, сокинони Ҷамоати деҳоти Шодобаро ба ҷашни Наврӯзи аҷам таҳният гуфта иброз намуд, мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврӯзи хуҷастапай, албатта боиси сарбаландию ифтихори бузурги мо — мардуми тоҷик аст!

Баъдан ба раисони кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолони Ҷамоат Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пагоҳ санаи 23 март дар Ҷамоати деҳоти Ашт, бахшида ба таҷлили Иди Наврӯзи фархундапай чорабинии идона баргузор мегардад.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.