Таҷлили ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Ашт   

 2 825 боздид

Имрӯз, 21 марти соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт  Наврӯзи Аҷам таҷлил карда шуд, ки дар тантанаҳои  Наврӯзӣ и.в раиси ноҳия Зариф Мирдадо, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад ва сардори Раёсати омори вилояти Суғд Ҳакимбек Накҳатзода иштирок намуданд.

Дар ин рӯз, нахуст ба 6 нафар собиқадорони меҳнат, ки барои рушди соҳаҳои гуногун дар ноҳия саҳм гузоштаанд тӯҳфаҳои хотиравӣ ва кӯмакпулии яквақтаинаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ тақдим гардид. Ҳамзамон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат хатнасур карда шуданд.

Сипас бо иштироки Зариф Мирдадо ва меҳмонон дар маркази ноҳия шаҳраки Шайдон маркази савдои “Зам-зам” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Маркази савдо аз ду ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бо харҷи 309 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Дар ин маркази саводо 8 нафар сокини ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд.

Зимни суханронӣ дар варзишгоҳи марказӣ Зариф Мирдадо гуфт, Наврӯзи Аҷам, ки бо ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол ин ҷониб мақоми байналмиллалӣ гирифтааст ба ҳамаи сокинони ноҳия муборак бошад.

Дар идома Зариф Мирдадо қайд кард, ки мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз тамоми мардумро ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад. Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ — пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода суханронӣ намуда, ҷашни Наврӯзро ба тамоми сокинони ноҳия таҳният гуфт.

Дар охир барномаи фарҳангии Наврӯзӣ тақдими меҳмонон ва сокинони ноҳия гардонида шуд.

 

 

 

 

Як тафсир

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.