Имрӯз, санаи 21 – юми феврали соли 2025 дар толори МДВ “Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳия ба муносибати 32-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳия мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шӯъбаи қабул ва баҳисобгирии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят Аминзода Абдурасул, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ, қисмҳои ҳарбӣ, комиссариати ҳарбии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони раёсату кумитаҳо, роҳбарони ташкилоту идора ва муассисаҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилони ноҳиявӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, собиқ раисони ноҳия, собиқ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва афсарону сарбозон иштирок намуданд.
Дар ибтидо, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Аминзода Абдурасул ба сухан баромада, табрикоти Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати ин ҷашни муқаддас қироат намуд.
Раиси ноҳияи Ашт, мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бо арзи гиромидошти ин санаи муқаддас, кулли сокинони ноҳия, фаъолон, ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, мақомотҳои қудратӣ ва низомии ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнатро ба муносибати 32-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳату саломатӣ, хонаи обод, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва барору муваффақиятҳо таманно намуд.
Дар баромади худ қайд намуданд, ки санаи 23 феврали соли 1993 барои сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо — яке аз рӯзҳои таърихӣ ва хотирмон аст. Зеро, маҳз, аз ҳамон рӯз бо қадамзании аввалини сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббусу ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллӣ ташкил гардид, ки он зодаи даврони истиқлоли давлатӣ буда, ба ин рӯзи саид 32 сол пур мегардад. Таъкид намуданд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ниҳоди устувору пуриқтидоре табдил ёфтааст, ки бо афсарону сарбозони шуҷою далер, мутахассисони баландихтисосу кордон, техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ, оромиву осоиштагии давлату миллатро пурра таъмин менамояд.
Ҳимояи марзу буми Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр ва бонангу номуси кишварамон мебошад. Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд”.
Қайд карда шуд, карда шуд, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан — Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд. Фарзандони ноҳия низ дар қатори ҳазорҳо нафар ҷавонони минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, бо садоқат ва имони комил, бо даъвати виҷдону супориши Ватан, дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмати ҳарбӣ доранд.
Сипас, аз ҷониби Раиси ноҳия мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Аминзода Абдурасул ба як қатор хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати содиқона, саҳми арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ба муносибати 32-солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир барномаи рангини консертии аҳли фарҳанг манзури иштирокдорон гардонида шуд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ