Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар ноҳия

 1 222 боздид

Имрӯз, 23 феврали соли ҷорӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чорабинии идона доир гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Раҳимзода Абдумавлон, прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 1 Раҳмонзода Абдусамӣ Қодир, комиссари ҳарбии ноҳия Сулмонов Қурбоналӣ, сардори ШВКД дар ноҳия Солизода Абдувоҳид, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва  сарбозони қисмҳои ҳарбии ноҳия иштирок намуданд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия афсарону сарбозонро ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт ва барои онҳо саодати рӯзгорро таманно намуд.

-Қувваҳои Мусаллҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ин дам барои пойдории сулҳ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ноадолатӣ дар ҷомеа ва барои таъмини амнияти шаҳрвандон фаъолияти худро равона сохт. Ин ҷост, ки дар фазои Тоҷикистони азиз сулҳу субот пойдор буда, рӯз аз рӯз кишвари мо ободу зебо гардида истодааст,-иброз дошт роҳбарияти МИҲД-и ноҳия.

Дар идома роҳбарияти МИҲД-и ноҳия қайд намуд, ки сафи ҷавонони хоҳишманд барои адои хизмати Модар-Ватан аз ҳудуди ноҳияи Ашт зиёд гардида, онҳо довталабона ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.

Раҳимзода Абдумавлон директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд паёми табрикии и.в. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

-Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодааст.

-Дар зарфи бисту панҷ сол Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.

Дар ҷараёни таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ ба роҳбарони сохторҳои ҳарбӣ, кормандони Комиссариати ҳарбӣ, кормандони ШВКД дар ноҳия ва ба як қатор сарбозон Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Комиссариати ҳарбӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҳамзамон ба оилаи сарбозони ҳалокшуда маблағи яквақтаинаи пулӣ тақдим карда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия, баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.