Таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон дар Ашт

 1 405 боздид

Имрӯз, 31 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта шуд.

Дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, меҳмонон аз ноҳияи Попи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони сохторҳо ва корхонаву ташкилотҳо ва зиёда аз 600 нафар кӯдакон иштирок намуданд.

Дар таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов озмуни расмкашӣ таҳти унвони “Тоҷикистон аз нигоҳи кӯдакон” байни наврасон баргузор гардид.

Меҳмонон дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарҳои дастии кӯдакон ва наврасон дидан намуданд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон зикр дошт, ки Шумо хазинаи ояндабахши рӯзи фардои зиндагӣ ҳастед. Ҷомеа аз Шумо — насли наврас умедвор аст, ки хубу аъло хонед ва ахлоқи намунавӣ дошта бошед. Барои ояндаи кишвар шахсиятҳои бофарҳанг ва ватандӯсту худшинос ва ворисони арзанда ба камол расед. Миллат, забон ва Ватани худро дӯст доред ва бо он ифтихор дошта бошед.

Дар таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон ба зиёда аз 300 нафар, ятимон, кӯдакони маъюб ва кӯдакони болаёқат, туҳфаи Раиси ноҳия тақдим карда шуда, инчунин фаъолон, шахсиятҳои дар тарбияи кӯдакон фаъол иштирокдошта, аз тарафи МИҲД-и ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд. Дар ин рӯз ба 5 нафар ғолиби озмуни расмкашӣ туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия супорида шуд.

Дар охир аз тарафи кӯдакон ва наврасон барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.