Таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Ашт

 100 боздид
Имрӯз, 01 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабини Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой, Ҷӯразода Кабирҷон мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳакимзода Ҳаким Карим сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, меҳмонон аз ноҳияи Попи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони сохторҳо ва корхонаву ташкилотҳо ва зиёда аз 700 нафар кӯдакон иштирок намуданд.
Дар таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов майдончаи бозиҳои бачагона расман ифтитоҳ гардид, ки туҳфаи армуғонӣ ба ҳисоб рафта, минбаъд баҳри истироҳати минбаъдаи кӯдакону наврасон хизмат менамояд. Барои таъмини таҷҳизотҳои бозии бачагона саҳми соҳибкорону саховатмандон махсусан, Алиматов Аҳмад хеле калон аст.
Сипас, дар толори Муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, бо иштироки меҳмонон аз рӯйи нимпайкараи Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ровии нотакрор Маҳмудҷон Воҳидов пардабардорӣ шуда, меҳмонон аз гӯшаи зиндагинома ва кору фаъолияти Маҳмудҷон Воҳидов, дидан намуданд.
Солеҳзода Ашурбой Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, зимни баромади худ иброз дошт, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳанӯз 62 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо — калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Илтифот Кучкорова директори мактаби рақаи 1-и ноҳияи Поп, вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, нахӯст кӯдакон ва наврасонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз номи гурӯҳи меҳмонон таҳният гуфта зикр дошт, ки барои Шумо кӯдакон хушбатии кӯдакона зери самои ободу озодро таманно дорам.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, дар баромади худ қайд кард, баҳри тарғиби анъанаҳои неки инсонпарварӣ, таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳаёти кӯдакон, бедор намудани ҳисси худшиносиву хештаншиносӣ дар замири кӯдакон ва тарбияи ҳамаҷонибаи онҳо дар муҳити солиму созанда дар ноҳия 14 муассисаҳои томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар он 2010 нафар кӯдакон фарогир шудаанд.
Дар таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон ба зиёда аз 300 нафар, ятимон, кӯдакони маъюб ва кӯдакони болаёқат, туҳфаи Раиси ноҳия тақдим карда шуда, инчунин фаъолон, шахсиятҳои дар тарбияи кӯдакон фаъол иштирокдошта ва ба 13 нафар мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ аз тарафи МИҲД-и ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
Дар охир аз тарафи кӯдакон ва наврасон барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *