Таҷлили Рӯзи дониш дар муассисаҳои таълимии ноҳия

 543 боздид

Имрӯз, 01 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Бобозода Хайрулло, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, дар муассисаи таълимии рақами 2 ноҳияи Ашт Рӯзи дониш таҷлил карда шуд.
Бобозода Хайрулло сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, зикр дошт, дар вилояти Суғд низ сол аз сол таваҷҷуҳу эътибор ба соҳаи маориф меафзояд. Соли равон дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодому Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон биноҳои таълимӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар вилоят соли равон дар маҷмуъ баистифодадиҳии 43 иншооти соҳаи маориф бо фарогирии 6633 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баромади худ зикр дошт, аз оғози давраи Истиқлолият назар кунем дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия 12 бинои замонавӣ барои 2580 нафар хонанда, 111 адад синфхона барои 2270 нафар хонанда бунёд карда шудаанд, ки ҷамъи умумии ҷойи нишасти хонандагон 4850 ададро ташкил медиҳад.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат бори дигар ба вусъат додани раванди таълиму тарбия, таъмини соҳаи маориф бо биною таҷҳизотҳои нави замонавӣ, ворид намудани технологияҳои иноватсионӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ эътибори хоса зоҳир намуданд.

— Боиси ташвиш аст, ки солҳои охир дар байни хонандагони баъзе муассисаҳои таълимии ноҳия зуҳуроти номатлуб, берун мондан аз таълими ҳатмӣ, қонуншиканию ҷинояткорӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҷой доштани чунин ҳодисаҳо ба таври доимӣ корбарӣ накардан, ба миқдори нокифоя ва бе мазмун, бе сифат ташкил кардани корҳои тарбиявии беруназсинфӣ, рейду санҷишҳо, фаъолияти сусти маҳфилу таъсирнокии онҳо мебошад.

Маҳз, бо мақсади пешгирии ҷиноятсодиркунии хонандагон дар  мактабҳо воҳиди кории психологҳо бо мутахассисон пурра карда шуда истодааст. Соли 2018 дар 56 муассисаҳои таълимӣ фаъолияти равоншинос ба роҳ монда шуданд, 6 нафари онҳо мутахассисони соҳавӣ мебошанд.

Роҳбари мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли хониши нав барору комёбиҳо таманно намуд.

Инчунин дар литсейи рақами 2 бо иштироки муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ озмоишгоҳи химиявӣ барои хонандагон ба истифода дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.