Истиқлоли давлатӣ — бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони кишвари азизамон мебошад
Истиқлол — ин сулҳу дӯстӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, оромию осудагии мардум буда, барои миллати куҳанбунёди точик имконоти нави рушди давлатдории навинро фароҳам овард.
Ватани азизи мо – Тоҷикистон, ки имрӯзҳо 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад, ҳамчун давлати муосир ва демократӣ дар саросари ҷаҳон эътироф гардида, бо дастовардҳои назаррас мавқеи шоистаеро дар ҳалқаи давлатҳои ҷаҳон соҳиб шудааст.
Сулҳу суботи комил, оромию осоиштагӣ ва дастовардҳои беназири марҳалаи давлатдории навин, бешак, бо саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошанд.
Дар замони Истиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат арзишҳои волои аҷдодӣ, оину суннатҳои давлатдории миллӣ аз нав эҳё шуда, таърихи пурғановати халқи тоҷик ва таҳқиқу омӯзиши он вусъати тоза пайдо намуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат, ба монанди таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил шудан ба истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳиби пешрафти назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардида, рӯ ба фардои ободу дурахшон овардааст. Бо дастёбӣ ба соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ва муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи худ гардид.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил, соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо карда, узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ мебошад ва инчунин Тоҷикистонро бо роҳбари дурандешу хеш ҳамчун ташаббускори ҳалли як қатор масъалаҳои глобалии сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд ва эътироф мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар тамоми гӯшаи кишварамон, бо ҷумлаи ноҳияи Ашт 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати арзанда ва нишоту хурсандиҳои бепоён таҷлил намуда истодаанд.
Дар ин ҷараёни таҷлили ҷашн санаи 9-уми сентябри соли равон дар вазъияти тантанавӣ ба 4 нафар собиқадорони меҳнат, ки дар рушди нумӯи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия саҳми арзанда доштанд, армуғони молиявии кӯмакпулии яквақтаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода бахшида ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ тақдим карда шуд.
Тантанаҳои ҷашнӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт – шаҳраки Шайдон бо иштироки васеи ҷомеаҳои касбу кору гуногун, сокинону меҳмонон, собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолону зиёиён аз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сурат гирифт.
Дар нахуст, баъди шиносоӣ намудани меҳмонон, маърӯзаҳои шодбошӣ оғоз гардиданд.
Паёми табрикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло, Паёми табрикии Раиси вилояти Суғдро муовини Раиси вилоят муҳтарам Анвар Яъқубӣ ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода паёми идонавиро ба самъи иштирокдорон расонида, тамоми сокинони ноҳияи Ашти бостониро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.
Баъди муборакбодиҳо дар вазъияти тантанавӣ ба 3-нафар собиқадорони меҳнати ноҳия, ки бо фаъолияти содиқона ва бенуқсон дар рушду нумуи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, медали “Хизмати шоиста” дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба 3-нафар пешқадамони истеҳсолӣ Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода, ба 1-нафар медали “Аълочии тандурустӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба як нафар нишони сарисинагии “Аълочии Қӯшунҳои сарҳадӣ”-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба 13-нафар Ифтихорномаи Раиси ноҳияи Ашт тақдим карда шуд.
Бо барномаи театркунонидашуда қисми фарҳангии чорабинӣ оғоз гардида, барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши меҳмонон ва сокинони ноҳия гардонида шуд.
Иттилоъ медиҳем, ки чорабиниҳои идонавӣ бо оростани дастурхонаи идона ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ дар қисмҳои ҳарбии ноҳия – қисми ҳарбии 14356 “б” Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҳарбии 0216 Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида, дар вазъияти тантанавӣ афсарону сарбозони ин қисмҳои ҳарбиро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини Раиси вилояти Суғд муҳтарам Анвар Яъқубӣ ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода табрику таҳният намуданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ