Таҷлили Рӯзи ҷанговарони байналмилал дар ноҳия

 176 боздид

Имрӯз, санаи 15-уми феврал дар маркази ноҳия — шаҳраки Шайдон чорабинии тантанавӣ  бахшида ба 36-умин солгарди Рӯзи баровардани Қӯшунҳои маҳдуди ҳарбии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, сардорону роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ноҳия, сардорони қисмҳои ҳарбӣ — қисми ҳарбии 14356 “б”-и Вазорати мудофиаи ҶТ, қисми ҳарбии 0216-и  Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ, муовинон ва масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорон – ҷанговарони байналмилал, наздикону пайвандони марҳум иштирокчиёни муҳорибаҳои Афғонистон, роҳбарону ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз гуногуншаклии моликият иштирок доштанд.

Нахуст, ба ин муносибат дар назди Муҷассамаи ҷанговарони байналмилал, воқеъ дар боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳраки Шайдон маросими гулчанбаргузорӣ сурат гирифт.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар баромади худ зикр намуд, ки мо бояд хотираҳои нек ва корномаҳои қаҳрамонии ҷавонони тоҷикро, ки баҳри таъмини якпорчагӣ ва ҳифзу амнияти мардуми дар ҳасрату кулфат қарордоштаи Афғонистон қарзи интернатсионалии худро адо намуданд, ҷоннисорӣ намуданд, ярадору маъюб гаштанд, аз ёд набарорем. Ин қаҳрамониҳо, аз худ гузаштанҳо, қурбонӣ намудани  ҳаёти заминии худро баҳри ҳаёти орому осудаи дигарон, барои ҳар як фарди бедордил бояд намунаи ибрат бошад.

Иттилоъ доданд, ки маҳз давоми солҳои 1979-1989 бо даъвати давлату Ҳукумати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 35 ҳазор нафар сарбозону афсарон вориди набардҳо гардиданд, ки аз ин миқдор аз ноҳияи мо 178-нафарро ташкил намудааст. Қариб 10 ҳазор нафар ҷони худро баҳри ояндаи саодати ин кишвар доданд, ки дар ин  муҳорибаҳои ҷангӣ 3 нафарашон ҷавонони  қаҳрамонӣ мо буданд ва баъди ҷанг 29 нафари дигари онҳо вафот карданд. 6-нафар ба гурӯҳи маъюбӣ баъди ҷанг дохил гардиданд, зиёда аз 60 нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд, як нафар зан — зодаи шаҳраки Шайдон – Соҳибова Турсуной  бо Ордени “Ситораи сурх” сарфароз гардонида шуд.

Қайд карда шуд, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи шаҳрвандони кишвар ва махсусан ҷавононро ҳушдор менамояд, ки ҳеҷ гоҳ таърихро фаромӯш накунем, зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша барои ҳифзи марзу бум ва ҳимояи муқаддасоти давлат омода бошем. Оқибатҳои бисёр талху фоҷеабори ҷангҳои байни давлату миллатҳо  ба аҳли башар бояд ҳамеша ҳушдор диҳанд, ки пойдории сулҳу субот ва рӯзгори орому осуда, ҳамкорӣ ва робитаи созандаи халқу давлатҳо неъмати бебаҳои зиндагӣ барои ҳар як сокини кишвар мебошад”.

Дар фарҷом, собиқадори ҷанг, ҷанговари байналмилал Ёрматов Тошмуҳаммад ба сухан баромада, аз таъриху руйдодҳо ва қаҳрамониву далериҳои собиқадорон ёдоварӣ намуда, шеър аз эҷодиёти худро ба ин муносибат қироат намуд. Ҳамзамон, ба дастгириҳои моддӣ – маънавии собиқадорони ҷанг, пайвандону наздикони ҷанговарону собиқадорони вафоткарда аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Аз тарафи Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба иштирокчиёну оилаҳои  ҷанговари байналмиллал  кӯмаки яквақтаинаи пулӣ тақдим карда шуда, якчанд нафарон бо Сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд.

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.