Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Ашт

 1 152 боздид
Имрӯз, 22-уми май дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Ашт Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда шуд, ки дар он зиёда 5 ҳазор сокинони ноҳия ҷамъ омаданд.
Нахуст, дар шоҳроҳи шаҳраки Шайдон раҳпаймоии зиёда 1000 нафараи ҷавонон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва наврасону кӯдакон баргузор гардид.
Дар раҳпаймоӣ ҷавонон дар даст нишону овезаҳои гуногун гирифта, шукргузорӣ аз тинҷиву осудагии меҳан карданд. Онҳо якдилона иброз доштанд, ки пайравони Пешвои миллат ҳастанд ва сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварро сармашқи кори худ медонанд. Ҷавонон гуфтанд, ки баҳри ободии Тоҷикистон пайваста талош меварзанд.
Баъд аз анҷоми раҳпаймоӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд табрики раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Рӯзи ҷавонон ба самъи ҳозирин расонд.
Сипас, раиси ноҳияи Ашт ҷавононро ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта, таъкид дошт, ки ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат қарор доранд. Далели ин гуфтаҳо аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон мебошад.
Дар таҷлили Рӯзи ҷавонон ба 40 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ стипендияи раиси ноҳия тақдим карда шуд. Ҳамзамон 5 нафар толибилми муассисаҳои таълимии ноҳия гирандаи стипендияи Президентӣ мебошанд.
Дар фарҷом аз ҷониби ҳунармандони Бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ тақдими ҳозирин гардид.
Сайидои ШОДӢ,
Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.