Имрӯз, 22 майи соли ҷорӣ, дар назди Муассисаи давлатии Театри Мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия, Рӯзи ҷавонон бо тантана таҷлил карда шуд, ки дар беш аз 5 ҳазор сокинони ноҳия ҷамъ омаданд.
Дар таҷлили Рӯзи ҷавонон Ҳакимзода Ҳаким Карим сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, ҷавонон ва сокинони ноҳи иштирок доштанд.
Ҳакимзода Ҳаким Карим сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, табрики Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонон ба самъи ҳозирин расонида иброз дошт, имрӯз ба нерӯи ақлонӣ ва зеҳнии ҷавонони босавод, боинтизом, бомаърифат масъулиятшинос ва фаъол такя мекунад, зеро асоси мустаҳкамии давлату миллат ба ҷавонон вобастагии калон дорад.
-Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда илҳомбахши кору пайкорворисони арзандаи миллату давлат ва тақдирсози роҳи имрӯзу ояндаи Тоҷикистон бошанд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, сокинон ва ҷавонон ва аҳли иштирокдоронро ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта, таъкид дошт, ки дар ноҳия 56249 аз ин 27991 нафар духтарон, ҷавонон таҳсил, кору фаъолият ва зиндагӣ менамояд. Имрӯзҳо дар муассисаҳои олӣ ва касбии кишвар 3948 нафар аз ин 2253 нафар духтарон, дар хориҷи дуру наздик 256 аз ин 87 нафар духтарон таҳсили илм мекунанд.
-Сидқан дӯст доштани Ватан, ҳифз намудани арзишҳои миллии он ва бо донишу маърифати замонавӣ дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистони азиз бояд аз ҳадафҳои асосии Шумоён бошад, зеро, ояндаи кишвари маҳбубамон Шумо ҳастед ва рушди минбаъдаи он аз саҳми фаъолонаи Шумо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат вобаста мебошад.
-Боиси қайд аст, ки дастпарварони муассисаҳои варзишии ноҳия Нишонбойзода Бежан ва Норбойзода Нурсултон аъзои Дастаи яккачини мунтахаби наврасони Тоҷикистон мебошанд, ки ин фахри мо варзишгарон аст.
Дар таҷлили Рӯзи ҷавонон ба 23 нафар ҷавонони фаъол, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар пешбурди ҷомеа саҳми босазо гузоштаанд, дар чорабиниҳои варзишӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ ва байналхалқӣ иштирок намудаанд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳияи Ашт омода ва манзури иштирокдорон гардонида шуд, фарҷомбахши чорабинӣ буд.