Таҷлили рӯзи кормандони мақомоти андоз дар ноҳия

 3 568 боздид

Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва муовини Раиси ноҳияи Ашт Маҳмудзода Ҷамшед ва сардори нозироти андоз дар ноҳия Ҳамзализода Файзали, Рӯзи касбии кормандони мақомоти андоз таҷлил карда шуд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар баромади худ зикр дошт, ки дар замони муосир ҷамъоварии андоз натанҳо масъалаи иқтисодии дохилӣ, балки ҷанбаи сиёсӣ низ маҳсуб меёбад. Амалишавии Кодекси Андози кишвар дар таҳияи нав далели ғамхории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати андозсупорандагон мебошад.

-Хушбахтона, натиҷаҳои фаъолияти мақомоти андози ноҳия дар ҷамъбасти соли 2017 ва чор моҳи аввали соли 2018 нишон дод, ки кормандони ин мақомот аз иҷрои вазифаҳои бар дӯшашон буда, бо сарбаландӣ баромада истодаанд.

Дар охир Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, як қатор кормандони фаъоли мақомоти андози ноҳияро бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.