Таҷлили Рӯзи кормандони Раёсати молия дар Ашт

 1 139 боздид

Санаи 7 декабр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, бо иштироки Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зариф Мирдадо, муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Маҳмудзода Ҷамшед ва сардори Раёсати молия дар ноҳия Нурматзода Кабир, кормандон ва собиқадорони ин соҳа Рӯзи касбии кормандони Раёсати молия таҷлил карда шуд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар баромади худ зикр дошт, пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷрои буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтии тадбирҳое, ки бо маблағгузории давлатӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин назорати фаъолияти штатию молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайра аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён ба ҳисоб меравад.

— Ба шарофати меҳнати бурдборонаи кормандони мақомоти молия дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти андоз нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия мунтазам таъмин карда мешаванд ва боварӣ дорам ин ҳамкорӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.

Дар охир Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, як қатор кормандони фаъоли Раёсати молияро бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Дар ин рӯз сардори Раёсати молия дар ноҳияи Ашт Нурматзода Кабир ва кормандони Раёсати молия, собиқадорони соҳаро аёдат намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.