ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

 279 боздид

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қаламрави кишвари азизамон ҳамасола санаи 18-август Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар зодрӯзи бузургтарин нобиғаи илм, симои олами тибби ҷаҳон Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат дар МДВ “Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида, дар он роҳбарияти ноҳия, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муасисаҳо, роҳбарият ва кормандони сохтори госпиталӣ ва кӯмаки аввалияи тиббӣ  — санитарии ноҳия, маркази санитарӣ –эпидемиологӣ, собиқадорони соҳаи тандурустӣ ва ғайра иштирок доштанд.

Нахуст, Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муносибати фаро расидани иди касбии табибон, ҳамаи кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро самимона шодбош гуфта, дар суханронии худ қайд  намуданд:”Соҳаи нигаҳдории тандурустӣ таҳти таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дошта, ҳамеша ба рушди он ва таъмини шароити моддиву маънавии кормандони тиб аҳамияти хоса зоҳир карда мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ рушду такомул ёфта, бо ворид намудани усулҳои нави муосири пешгирӣ аз беморӣ, огоҳонӣ, табобату муолиҷа хизматрасониҳои мухталифи тиббӣ хубтару беҳтар гаштанд. Дар ҳифзи саломатии омма кормандони соҳаи тандурустии ноҳия низ ҳиссаи арзанда доранд. Маврид ба зикр аст, ки дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия 202 нафар табибон ва 980 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият дошта, ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар байни табибони ҳозиқи ноҳия 1 нафар “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 3 нафар дорандагони медали “Шафқат”, 25 нафар дорандагони нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолияти пурсамари касбӣ доранд. Имрӯзҳо ҳайати назарраси духтурони касбии ноҳияро табибони ҷавон, ки хатмкардаву дастпарварони донишгоҳҳои ватаниву хориҷа мебошанд, ташкил менамоянд”.

Баъдан дар фазои тантанавӣ ба кормандони соҳаи тиб, ки бо фаъолияти поквиҷдонона ва босамари худ саҳми назаррас доранд, аз ҷониби Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ба 4-нафар нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ба пешқадамони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Баҳри болидахотирии аҳли ҳозирини толор намоиши фарҳангӣ — фароғатӣ бо саҳначаи ҳаҷвӣ пешниҳод гардид.

 

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.