Таҷлили Рӯзи матбуот дар ноҳия

 909 боздид

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт 106-умин солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  рӯзноманигорон ва аҳли қаламро ба рӯзи касбиашон  таҳният гуфта зикр дошт: “ Матбуот ва ВАО  дар замони муосир ҳамчун як самти муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими рисолати миллии давлатдорӣ нақши бендоза дорад. Маҳз таҳкими пояҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки теъдоди зиёди рӯзномаву ҳафтанома ва ВАО-и электронӣ фаъолияти пурсамари хешро дар таъмини фазои иттилоотии мамлакат равона намуда, сокинони мамлакатро саривақт бо руйдодҳои муҳими ҷомеа ошно гардонанд”.

-Рӯзномаи “Шуҳрати Ашт” мактаби бузурги тарбияи як зумра журналистон ва ходимони илму фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, ки аксари онҳо дар вазифаҳои пурмасъули давлатию ҷамъиятӣ, сиёсию фарҳангӣ фаъолиятдоранд ва онҳо фахри бузурги мо, сокинони ноҳияи Ашт мебошанд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар анҷоми суханронии хеш рӯзноманигорон ва  аҳли матбуоти ноҳияро бори дигар ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, изҳор боварӣ намуд, ки кормандони воситаҳои ахбори омма дар инъикос ва амалӣ гардонидани дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар саҳми сазовор мегузоранд.

Дар таҷлили Рӯзи матбуот ба якчанд нафар собиқадори соҳа ва рӯзноманигорони ҷавон, ки дар ВАО-и ноҳия фаъолият мебаранд бо Сипосномаи МИҲД-и ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиротӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.