Таҷлили Рӯзи матбуот дар ноҳияи Ашт

 341 боздид
Имрӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи бо иштироки роҳбарияти ноҳия, сардорони Раёсатҳо роҳбарони ташкилоту идораҳо ва мудирони шӯъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии идона бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид.
“Мавриди зикр аст, ки қаламкашон дар матбуоти даврӣ, тавассути мақолаҳо, хабарҳо, муҳокимарониҳои ҷиддӣ дар дастрас ва ошкор намудани нуқсонҳои ҷомеа хизматҳои арзишманд ба харҷ медиҳанд”, ин нукта дар баромади Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, имрӯз дар таҷлили Рӯзи матбуот, садо дод.
Гузашти таърихи наздики 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон собит менамояд, ки ҷойгоҳи иттилоот дар соҳаҳои мухталифи идораи давлатӣ аҳмияти бештар касб кардааст.
Рӯзноманигорони ватандӯст тафаккури ҷомеаро бо нури дониш, хирад ва панду андарз равшан карда, насли ҷавону наврасро ба ҷодаи зиндагӣ барои ободию шукуфоии имрӯзу фардои Ватани азиз ҳидоят месозанд.
Дар робита ба нақшу мавқеи матбуот Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта чунин гуфта буд: “Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад.”
Зариф Мирдадо, Раиси ноҳияи Ашт, дар анҷоми суханронии хеш рӯзноманигорон ва аҳли матбуоти ноҳияро бори дигар ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, изҳори боварӣ намуд, ки кормандони воситаҳои ахбори омма дар инъикос ва амалӣ гардонидани дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар саҳми сазовор мегузоранд.
Дар таҷлили Рӯзи матбуот ба якчанд нафар собиқадори соҳа ва рӯзноманигорони ҷавон, ки дар ВАО-и ноҳия фаъолият мебаранд бо Сипосномаи МИҲД-и ноҳия ва туҳфаҳои хотиравии пулию молӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.