Таҷлили Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар ноҳияи Ашт

 564 боздид

Имрӯз, 8 июли соли ҷорӣ дар “Чойхонаи миллӣ”-и маркази ноҳияи Ашт шаҳраки Шайдон Рӯзи маъбон ва пиронсолон таҷлил гардид.
Дар таҷлили Рӯзи маъюбон ва пиронсолон Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Фарҳодзода Хуршед ва пиронсолону маъюбон ширкат варзиданд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт маъюбону пиронсолонро ба Рӯзи идашон таҳният гуфта зикр дошт, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат таъмини зиндагии шоиста ба шахсони имконияташон маҳдуд буда, дар ин самт барномаҳои махсуси давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд.
-Имрӯз ташкилоти ҷамъиятии маъюбони ноҳия ва шуъбаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба эҳтиёҷмандон ҳамчун ҳимоятгари ҳуқуқу озодиҳои аъзоёни худ, фаъолонро сарҷамъ намуда, ба меҳнати созанда даъват ва муттаҳид гардонидааст, ки боиси қаноатмандӣ мебошад.
Зимни таҷлил маъюбон ва пиронсолон миннатдории худро баҳри дастгириҳои пайваста ба Ҳукумати мамлакат ва МИҲД-и вилояту ноҳия, баён намуданд.
Баъдан дар вазъияти тантанавӣ Раиси ноҳияи Ашт ба маъюбону пиронсолон туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷумла таҷҳизоти шунавоӣ ва асо тақдим намуданд.
Дар охир баҳри болидахотирии маъюбону пиронсолон дастархони идона оро дода шуда, аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи хуби консерти тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки алҳол дар ноҳия 2719 нафар маъюбон зиндагӣ дошта, онҳо тибқи қонунгузорӣ бо кӯмакпулӣ таъмин мебошанд. Дар рӯзҳои идҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо оилаҳои шахсони маъюбу барҷомонда аз ҷониби корхонаву ташкилот ва шахсони хайрхоҳ аёдат карда мешаванд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.