Таҷлили Рӯзи маъюбону пиронсолон дар Ашт

 1 191 боздид

Имрӯз, 8-уми июл дар тарабхонаи «Сомониён»-и ҷамоати шаҳраки Шайдон Рӯзи маъюбону пиронсолон таҷлил карда шуд. 

Дар таҷлили ин ҷашн, ки ҳамасола 8-уми июл баргузор мешавад, роҳбарияти ноҳия Зариф Мирдадо, муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва маъюбону пиронсолон ширкат варзиданд.

Нахуст, дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия баромад намуда, иброз дошт, ки маъюбону барҷомондагон ва пиронсолони ноҳия пайваста аз ғамхориҳои Пешвои миллат баҳра мебардоранд ва ҳангоми таҷлили ҷашну маросимҳои миллӣ бо кӯмакпулиҳо аёдат карда мешаванд.

-Қобили зикр аст, ки имрӯз дар ноҳия 2646 нафар маъюбон зиндагӣ доранд ва онҳо тибқи қонунгузории кишвар бо кӯмакпулии доимӣ таъмин мебошанд. Ҳамзамон шуъбаи хизматрасонҳои иҷтимоӣ ба эҳтиёҷмандон дар ноҳия ва ташкилоти мабони ноҳия маъюбону барҷомондагонро пайваста аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои лозимаро мерасонданд ,-иброз дошт роҳбарияти ноҳия.

Зимни таҷлили Рӯзи маъюбону пиронсолон маъюбон дар васфи модару Ватан ва Пешвои миллат шеърхонӣ намуда, миннатдории худро баҳри пайваста дастгирӣ ёфтан аз ҷониби давлату ҳукумат баён доштанд.

Дар чорабинӣ ба маъюбону пиронсолон дастархони идона ороста шуда, баҳри болидахотир сохтани онҳо аз тарафи Бахши фарҳанги ноҳия барномаи идонаи консертӣ тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.