Таҷлили Рӯзи мелиораторон

 579 боздид

Имрӯз дар идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Ашт ва кормандони идораи мазкур «Рӯзи мелиораторон» таҷлил карда шуд.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ҳозиринро бо иди касбиашон табрик гуфта, изҳор дошт: «Давоми панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети ноҳия ва вилоят ба маблағи 4 миллиону 846 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ, таҷҳизотҳои нави пойгоҳҳои обгирӣ, таъмиру тармими биноҳои истгоҳҳои обкашӣ, барқарорсозии системаҳои обтаъминкунӣ, каналу магистралҳои обгирӣ таъмир карда шуданд. Соли ҷорӣ бошад барои кишоварзон 172 млн. 189 ҳазор метри мукааб оби полезӣ дастрас карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 8 млн. 719 ҳазор метри мукааб зиёд мебошад».
Дар чорабинӣ зикр шуд, ки соли равон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ бо канали СФК ба миқдори 11 млн. 956 ҳазор метри мукааб оби полезӣ ба ноҳияи Ашт ворид гардидааст. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 2 млн. 609 ҳазор метри мукааб зиёд мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳар сол дар мавсими нави обкашӣ ба заминҳои дар гардиши кишоварзӣ буда, пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз лой тоза карда мешаванд.

Дар фарҷом ба чанд нафар тӯҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.