Таҷлили Рӯзи милитсия дар ноҳияи Ашт

 809 боздид

Имрӯз, 9 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки роҳбарияти ноҳия чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ кормандон ва собиқадорони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва зиёда аз 800 нафар аҳолии касбу кори гуногун  ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Зариф Мирдадо суханронӣ намуда, ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик кулли кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии ноҳияро самимона табрик гуфта, аз нақш ва мақоми шоистаи ин мақомоти бонуфуз ҳарф зад.

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дошта, иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст, — зикр дошт роҳбарияти ноҳия.

Дар ҷаласа муовини сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ҷӯразода Шамшод низ суханронӣ намуда, ҳамзамон аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро ба иди касбиашон табрику таҳният намуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандони беҳтарин Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба аҳли толор барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешкаш гардид, ки мақбули ҳамагон гашт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.