Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар Ашт

 1 672 боздид

Имрӯз, 8 ноябр дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия Ашт бахшида ба Рӯзи милитсия чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар саҳни ШВКД дар ноҳияи Ашт, баҳри поси хотири шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар роҳи адолат, пойдории давлату миллат, дар муборизаҳои шадид ҷон нисор кардаанд, гулчанбар гузошт.

Баъдан, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов собиқадорон ва кормандони ШВКД дар ноҳияи Аштро таҳният намуда, зикр дошт, милитсияи тоҷик дар давоми мавҷудияти худ, аз ҷумла дар муборизаҳои шадид баҳри Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини  ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза ба ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гурӯҳҳои терористӣ-экстеримистӣ, инчунин бетартибиҳои оммавӣ аз имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба як сохтори пурқудрати боэътимод ва кафили осоиштаи давлату миллат табдил ёфтааст.

Роҳбари ноҳия ҳамчунин илова кард, имрӯзҳо бошад ҷидду ҷаҳди тамоми кормандони милитсия ба ғайр аз таъмини  ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза ба ҷинояткорӣ, боз барои кофтукови сокинони ноҳия, ки дар рӯйхати ҷинояткорон ҷой дошта, берун аз марзи ҷумҳуриамон дар давлатҳои Аврупо, Шарқ,  Афғонистону Покистон, Эрон ва давлатҳои Араб қарор доранд, равона гардидааст.

Сипас ба як қатор собиқадорон, кормандони милитсия Сипоснома, туҳфаҳои хотиравии МИҲД-и ноҳия ва ба оилаҳои дар сохти конститутсионӣ ҳалок гардида, кӯмакпулии яквақтаинаи роҳбарияти ноҳия тақдим карда шуд.

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ ба муносибати  таҷлили Рӯзи милитсия манзури тамошобинон гардонида шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.