Таҷлили Рӯзи Модар дар ноҳияи Ашт

 1 348 боздид

Имрӯз, 7 марти соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии ноҳия, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Исомиддинзода Саидамин, занони собиқадор ва бонувони касбу кори гуногун Рӯзи модар таҷлил карда шуд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳозиринро ба Рӯзи модар шодбош намуда зикр кард: “Меҳри беҳамтои зан-модар ба мисоли хуршедест, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад. Сиришти модарон аз покиву зебоӣ, сидқу вафо, рисолати офарандагӣ ва созандагӣ бунёд гардидааст. Дунё дар домони биҳишти модарон парвариш меёбад. Аз ин рӯ арҷгузорӣ ба мақому мартабаи волои модар ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ на ин ки қарзи фарзандӣ, балки яке аз суннатҳои мардуми тоҷик маҳсуб меёбад”.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии вилояти Суғд Исомиддинзода Саидамин Паёми табрикии и.в. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

-Даврони истиқлолият занро нерӯи тозаи созандагӣ бахшид, таваҷҷӯҳ ба зан, баланд бардоштани мақоми ӯ дар ҷомеа рукни муҳими сиёсати давлатӣ гашт. Давлат пуштибони зан ва зан такягоҳи давлат шуд. Қабул шудани барномаву стратегияҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарии ҳуқуқу имкониятҳои мардону занон, танзими оила ва масоили демографӣ дар ҳаёти ҷомеа ва занон таҳаввулоти амиқ ба амал оварданд.

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии идона ба ҳозирин намоиш дода шуд.

                                                     

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.